ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 246-умин рӯзи соли 2026 аст
3 сентябри соли 2001 дар Тоҷикистон тангаҳои арзиши 1, 3, 5-сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50-дирамӣ ба муомилот бароварда шуданд.
***
3 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба мушкилоти иқлим дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла маърузаи таҳлилӣ — «Натиҷаҳои фаъолияти 20–солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо» баррасӣ шуданд.
***
3 сентябри соли 2025 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин байни ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Чин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
3 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 31 август то 3 сентябр дар шаҳрҳои Тянҷин ва Пекин ҷараён дошт, ба Ватан баргаштанд. Зимни ин сафар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои сатҳи олии СҲШ ва СҲШ-плюс иштирок ва суханронӣ намуда, дар доираи он бо роҳбарони якчанд давлат мулоқоту суҳбатҳои пурсамар анҷом доданд.
***
3 сентябри соли 2025 дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лэтсзи мулоқот ва маҷмуи масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ намуданд.
***
3 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва дигар роҳбарони давлатҳо дар майдони Тянанмэн дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ иштирок намуданд.
3 СЕНТЯБР:
Рӯзи авиатсияи тоҷик.
***
Дар Тоҷикистон – Рӯзи Гвардияи миллӣ.
***
Дар Австралия – Рӯзи парчам.
***
Дар Қатар – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
3 сентябри соли 1910 дар Венгрия клуби футболи «Гонвед» таъсис дода шуд.
***
3 сентябри соли 2010 Фурудгоҳи низомии Айнии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
***
3 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дӯстонаи артиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
3 сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1933 аввалин маротиба қуллаи баландтарини собиқ ИҶШС- қуллаи Сталин (ҳоло қуллаи Исмоили Сомонӣ-7495 метр) аз ҷониби кӯҳнавардон фатҳ гардид.
***
Соли 1924 аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гандбол баргузор шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст






