ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, ҷумъа, 247-умин рӯзи соли 2026 аст

Сентябрь 4, 2026 08:00

4 сентябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муҳташами варзишӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони ду бинои боҳашамати маъмурӣ санги асос гузошта шуд.

***

4 сентябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чанд корхонаи технологии шаҳри Бангалори Ҳиндустон дидан намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 қабл аз баргузории Ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи «Жэнмин жибао» ҷавоб доданд.

***

4 сентябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд. Зимни суҳбат Президенти Тоҷикистон аҳамияти ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия таъкид намуданд.

4 СЕНТЯБР:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи китоб.

***

Рӯзи байналмилалии таэквондо.

***

Дар Молдова – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.

РӮЙДОДҲО:

4 сентябри соли 1881 баландтарин ҳарорати ҳаво дар қитъаи  Аврупо дар Испания ба қайд гирифта шуд, ки +50,0°С – ро ташкил дод.

***

4 сентябри соли 1888 Ҷорҷ Истмен  барои бақайдгирии тамғаи тиҷоратии «Kodak» патент ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1998 ширкати «Google» таъсис дода шуд.

 ***

4 сентябри соли 1960 сохтмони қисми якуми корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе оғоз гардида буд. Ин корхона ҳоло «Сементи тоҷик» ном дорад, ки дар замони Шуравӣ дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол мекард.

***

4 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ ифтитоҳ ёфт.

***

4 сентябри соли 2017 Бонки миллии Узбекистон аввалин маротиба дар бораи мубодилаи асъори сӯми узбекӣ ба сомонии тоҷикӣ эълон пахш намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2006 дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии кӯдакону наврасон- «Баҳористон» ба фаъолият шуруъ кард.

Сентябрь 4, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 246-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 234-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, ҷумъа, 233-юмин рӯзи соли 2026 аст