Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд

Сентябрь 3, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 03.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имконоти густариши ҳамкорӣ дар самти коркарди ниҳоии пахтаи ватанӣ аз масъалаҳое буд, ки дар меҳвари мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарский қарор дошт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаи саноат баррасӣ намуда, ба рушди саноати сабук, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва коркарди пахта таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Дар мулоқот оид ба имконияти густариши ҳамкорӣ дар самти таъсиси иқтидори муосири истеҳсолӣ ва рушди занҷираи пурраи истеҳсолӣ — аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти тайёри нассоҷӣ ва дӯзандагӣ табодули афкор карда шуд.

Таъкид гардид, ки рушди саноати сабук дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ, таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва афзоиши ҳиссаи маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд аҳамияти муҳим дорад.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба самтҳои ояндадори ҳамкории минбаъда ва густариши ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон  барои идомаи муколамаи созанда ва мусоидат ба рушди ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи саноат изҳори омодагӣ карда шуд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд