35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд

Октябрь 8, 2026 14:21

ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва беш аз 1600 синфхонаи иловагӣ барои 43 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар доданд.

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар минтақаҳои гуногуни вилоят имконият фароҳам овардааст, ки дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсил беҳтар гардад. Ҳамзамон синфхонаҳои иловагӣ ба фароҳам овардани шароити муносиб ва ташкили раванди таълим дар сатҳи зарурӣ мусоидат менамоянд.

Таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи маориф дар вилоят мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, муҷаҳҳазсозии синфхонаҳо ва фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Рушди соҳаи маориф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар заминаи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ташаббусҳои созанда идома дорад. Инчунин сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва татбиқи технологияҳои муосир барои рушди минбаъдаи соҳа заминаи устувор мегузорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Октябрь 8, 2026 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд