Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид

Октябрь 14, 2026 11:23

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12  октябр дар шаҳри Вена дар доираи ҳамкории маҷаллаи «Diplomatic Society» бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои форсизабон таҳти унвони «Аз Робиаи Балхӣ то Ҳофизи Шерозӣ» чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд.

Сафир аз ҷумла изҳор дошт, ки солҳои охир бо ташаббус ва талошҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ва 1050-солагии аввалин бонуи шоири тоҷику форс Робиаи Балхӣ дар қатори дигар ҷашнҳои таърихӣ ба феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ин нишонаи возеҳи эътирофи фарҳанги ғанӣ ва бостонии мардуми тоҷику форс дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

​             Дар идомаи чорабинӣ ба меҳмонон намунаи абёти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, барномаи рангини фарҳангӣ ва дастархони миллии кишварҳои форсизабон пешкаш карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия

 

 

Октябрь 14, 2026 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Директори генералии ширкати «Pasha Malls» вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Олмон иштирок кард
Дар Бейрут дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон баррасӣ шуданд
Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд