Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Октябрь 5, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Дар ҳамоиш Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода забони давлатиро ҳамчун рукни муҳими давлатдории миллӣ, омили таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва пайванди ногусастании наслҳо арзёбӣ намуд. «Забони тоҷикӣ давоми таърихи пурифтихори миллати тоҷик на танҳо воситаи муошират, балки хотираи таърихӣ, шиносномаи маънавӣ ва яке аз пояҳои ҳастии миллӣ маҳсуб мешавад. Ин забони куҳанбунёд бо осори безаволи Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Камоли Хуҷандӣ ва садҳо суханвару донишманди дигар ганҷинаи бузурги маънавии башариятро ғанӣ гардонидааст», -афзуд Икромиддин Вализода.

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати фарҳангпарварона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифз, рушд ва мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва худшиносии миллӣ табдил ёфт.
Дар ин замина, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ танҳо таҷлили як санаи тақвимӣ набуда, балки ифодаи эҳтиром ба таърих, фарҳанг, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки барои покизагии забон, риояи меъёрҳои забони адабӣ, густариши доираи истифодаи он ва ба наслҳои оянда ба таври шоиста интиқол додани ин мероси муқаддаси миллӣ саҳми муносиб гузорад.

Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи забони давлатӣ ва боло бурдани фарҳанги истифодаи он яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир буда, қудрати забон ба устувории давлат, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллии ҷомеа иртиботи мустақим дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

 

Октябрь 5, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд