Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд

Октябрь 6, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд.

Аз ҷумла, дар маркази ноҳия нахуст Варзишгоҳи марказӣ бо 6 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.  Варзишгоҳ аз чор блок иборат буда, дар он 23 утоқи хизматрасонӣ, аз ҷумла утоқи доварон, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудаанд. Иншоот бо тамоми инфрасохтори зарурӣ таъмин буда, барои истифодабарандагон ва меҳмонон таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт низ бунёд гардидааст. Масоҳати умумии варзишгоҳ 54 ҳазору 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар идомаи сафари корӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат бинои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди истифода қарор дода шуд.  Иншоот бо мақсади беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии коммуналӣ ва фароҳам овардани муҳити муносиби корӣ барои кормандони соҳа бунёд шудааст. Дар он ҳашт утоқи корӣ, толори маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгиранд.

Инчунин дар ин рӯз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бинои нави Беморхонаи марказии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт. Бунёди ин муассисаи тандурустӣ дар самти таҳкими заминаи моддию техникии соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад. Бинои беморхона  аз се ошёна иборат буда, дар он барои қабули беморон ва фаъолияти самараноки кормандони соҳа тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар муассиса 66 кати табобатӣ ва 103 утоқи корӣ ҷойгир буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ таъмин гардидааст.

Барои таъмини фаъолияти мунтазами беморхона дар фасли сармо шароити зарурӣ пешбинӣ шуда,  ба низоми ягонаи гармидиҳии буғӣ пайваст гардидааст.  Бо мавриди истифода қарор гирифтани  муассиса имконияти расонидани хизмати босифати тиббӣ ба сокинони ноҳия, ба хусус аҳолии деҳоти дурдаст ба таври назаррас беҳтар мегардад. То имрӯз сокинони  деҳаҳои дурдасти ноҳия барои гирифтани баъзе намудҳои муолиҷа ва хизматрасониҳои махсуси тиббӣ маҷбур буданд ба шаҳри Кӯлоб ва ё шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд, ки ин барои онҳо ҳам вақти зиёд ва ҳам хароҷоти иловагӣ талаб мекард. Акнун бо бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани чунин муассисаи муосири тандурустӣ ин мушкилот тадриҷан ҳалли худро пайдо намуда, барои сокинони ноҳия шароити мусоиди дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ фароҳам оварда мешавад.

Ба истифода супоридани чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи тадбирҳои созандагӣ ба ҳисоб рафта, ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Баъди ба истифода додани Беморхонаи марказии ноҳия Сарвазири мамлакат дар маҳаллаи Навободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин толори варзиши хуштарҳу замонавиро низ мавриди истифода қарор дод. Толор барои машқу тамрини ҷавонону наврасон ва сокинони маҳалла пешбинӣ шуда, бо фароҳам овардани шароити муносиб барои машғул шудан ба варзиш метавонад дар таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш нақши муассир гузорад.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар деҳаи Тудании деҳоти Теҳраи ноҳия Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро мавриди истифода қарор дод. Бунёди муассисаи таълимии нав дар доираи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани имконияти бештар барои таҳсили фарзандони сокинони деҳот амалӣ гардидааст. Бинои нав дорои 10 синфхонаи таълимӣ, утоқҳои корӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳои таълимӣ бо воситаҳои аёнӣ ва шароити зарурии таълимӣ таъмин гардида, барои дар фасли сармо низ бо шароити мусоиди таълимӣ таъмин намудани хонандагон муассиса ба системаи ягонаи гармидиҳии буғӣ пайваст карда шудааст. Бунёди муассисаи мазкур мушкилоти норасоии ҷойи нишастро дар ин минтақа бартараф менамояд.

Дар назди бинои мактаб инчунин толори маҷлисгоҳ бунёд гардидааст, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ истифода хоҳад шуд. Ҳамзамон барои машқу тамрини хонандагон ва ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим майдончаи варзишӣ низ сохта шудааст.

Дар ин рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маҳаллаи Навободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муассисаи таҳсилоти томактабиро барои 100 тарбиятгиранда мавриди истифода қарор дод. Бунёди муассисаи томактабӣ дар доираи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф, ба хусус таҳсилоти томактабӣ амалӣ гардидааст. Муассисаи нав дорои панҷ синфхона, панҷ ҳуҷраи хоб ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар ин ҷо барои кӯдакон тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбия, истироҳат ва рушди қобилияти зеҳнию ҷисмонӣ фароҳам оварда шудааст. Муассисаи мазкур низ ба системаи ягонаи гармидиҳии буғӣ пайваст буда, барои дар фасли сармо низ бо муҳити гарму муносиб таъмин намудани тарбиятгирандагон тамоми имконот пешбинӣ гардидаанд. Ҳамзамон  дар инҷо Сарвазири мамлакат  3 бинои иловагии муассисаҳои таълимии рақами №22, №30 ва 36-ро ки дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ҷойгир мебошанд, ба тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор дод.

Сардхона барои нигоҳдории 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи иншооти муҳими истеҳсолию иҷтимоие буд, ки зимни сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди истифода қарор дода шуд. Сарвазири мамлакат аз намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби аҳли заҳмати ноҳия омода гардида буд, дидан намуда, бо дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуд. Иброз гардид, ки истифодаи самараноки замин, риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ва татбиқи усулҳои муосири кишоварзӣ аз омилҳои асосии таъмини ҳосили фаровон ба ҳисоб мераванд.

Сардхонаи мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои нигоҳдорӣ ва захираи меваю сабзавот пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ, коҳиш додани талафоти ҳосил ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мебошад.

Саҳни иншоот бо дарахтони гуногуни ороишӣ, гулу буттаҳои мавсимӣ ва дигар унсурҳои сабзазоркунӣ оро дода шуда, муҳити тозаву озода ва барои фаъолияти истеҳсолӣ муносиб фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳаминҷо Сарвазири мамлакат ба бунёди корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ва сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ санги асос гузошт. Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ бо ташаббуси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Шири Душанбе» бунёд гардида, дар он намудҳои гуногуни маҳсулоти ширӣ истеҳсол карда мешаванд. Баъди ба истифода додани корхона 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамзамон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Тоҳирӣ оғоз гардид. Тибқи нақша, иншооти мазкур дар муҳлати се сол сохта, ба истифода дода мешавад.

Дар идомаи рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз раванди нашъунамои боғҳои интенсивӣ дар ноҳия низ боздид намуда, бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивии мазкур дар ду гектар бунёд гардида, дар он се ҳазор бех ниҳоли навъҳои гуногуни себ парвариш ва нигоҳубин карда мешавад.

Таъкид гардид, ки истифодаи оқилонаи имконияти мавҷуда, дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти кишоварзӣ барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Октябрь 6, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст