«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад

Октябрь 20, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи «Чодари хаёл» оғоз гардида, то 26 октябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар фестивал театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия  ва дигар давлатҳо бо намоишҳои беҳтарин иштирок мекунанд.

Дар ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар иштирок мекунанд. Театри лӯхтаки Душанбе намоиши миллиро омода намуда, тамошобинонро бо анъанаҳои фарҳангӣ ва  таърихӣ шинос месозад.

Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Ҳадафи аслии фестивал  таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 20, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст