Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 10 моҳи соли 2026 бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират 9 ҳазору 52 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди ин давлат бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин намояндагӣ хабар доданд.
Инчунин дар ин давра 32 миллиону 523 ҳазору 239 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуд.
Самтҳои афзалиятноки фаъолияти намояндагӣ мусоидат намудан ба бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Дар ин замина масъулин бо намояндагони корхонаю ташкилот ва сохторҳои дахлдори Федератсияи Русия вохӯриҳои корӣ баргузор намуда, масъалаҳои ҷалби қувваи корӣ, муайян намудани ҷойҳои холии корӣ, мутобиқати тахассуси шаҳрвандон ба талаботи бозори меҳнат, таъмини музди меҳнати муносиб ва пардохти саривақтии он, инчунин риояи қоидаҳои бехатарии меҳнатро баррасӣ менамоянд.
Намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи мамлакат шартномаи расмии меҳнатӣ баста, талаботи қонунгузории муҳоҷиратро риоя намоянд ва аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошанд. Зеро фаъолияти меҳнатии қонунӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва таъмини суботи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид






