Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд

Октябрь 6, 2026 15:26

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши омӯзгор дар ҳифз, рушд ва таҳкими забони давлатӣ дар шароити муосир» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар ҳамоиш оид ба мақому манзалати омӯзгор, рисолати касбии ӯ, нақши устод дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва саҳми омӯзгорон дар рушди илму маориф ибрози андеша намуданд.

Изҳор шуд, ки омӯзгор дар ҷомеа на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари инсон, роҳнамои маънавӣ ва ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон мебошад. Омӯзгор ба инсон дониш омӯхта, ӯро ба андешидан, шинохтан, интихоб кардан ва созанда будан раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, пешрафти ҷомеа ва фардои давлат ба сатҳи таълиму тарбия ва фаъолияти масъулонаи омӯзгорон пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ин замина таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки «Ояндаи давлату миллат аз мактабу маориф оғоз меёбад», масъулияти аҳли илму маорифро боз ҳам бештар менамояд.

Гуфта шуд, ки забон хотираи таърихии миллат, оинаи фарҳанг ва василаи ба наслҳои оянда расонидани андешаву арзишҳои миллӣ мебошад. Дар ин раванд масъулияти омӯзгор махсусан муҳим аст, зеро устод на танҳо дониш меомӯзонад, балки ба шогирдон фарҳанги сухан, тарзи дурусти баён, эҳтиром ба забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ низ омӯзиш медиҳад.

Таъкид гардид, ки ҳифз, рушди забони тоҷикӣ ва истифодаи босаводонаи он вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат буда, дар ин самт омӯзгорон ҳамчун намунаи суханварӣ ва фарҳанги муошират нақши калидӣ доранд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои таърихи беш аз ҳаштодсола буда, дар тӯли фаъолияти худ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди илму маориф шинохта шудааст. Дар ин давра устодони зиёде дар рушди таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ ва ташаккули муҳити маънавии донишгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар охир як зумра кормандони донишгоҳ барои фаъолияти содиқона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи илму маориф ва фаъолияти ҷамъиятӣ бо Нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони «100-солагии матбуоти тоҷик», Шаҳодатномаи узвият ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

 

Октябрь 6, 2026 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд