Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор рафта, дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа мавқеи муҳим дорад. Чунин гуфта шуд дар маҷлиси тантанавӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарияти Хадамоти гумрук иброз доштанд, ки забон яке аз муқаддасоти миллӣ буда, дар ташаккули худшиносии миллӣ, ҳифзи таъриху фарҳанг ва идомаи суннатҳои маънавии халқ нақши муҳим дорад.
Дар робита ба баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ ва рушду ҳифзи он дар раванди ҷаҳонишавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки соҳибзабонон бояд забони модариро ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ пос дошта, дар поку бегазанд нигоҳ доштани он саҳм гузоранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «забон гавҳари бебаҳо, мояи ифтихор ва олитарин муқаддасоти миллии мост, ки аз гузаштагон мерос мондааст ва мо бояд онро барои наслҳои оянда дар шакли суфтаву такмилёфта ва поку бегазанд ба мерос гузорем».
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ кормандони Хадамоти гумрук оид ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва риояи меъёрҳои забони адабӣ маъруза намуданд. Гуфта шуд, ки забон танҳо воситаи муошират набуда, балки таҷассумгари хотираи таърихӣ, тафаккури миллӣ ва таҷрибаи маънавии халқ мебошад. Забони тоҷикӣ давоми таърих барои ҳифзи асолати фарҳангӣ, интиқоли дониш ва идомаи суннатҳои маърифатии миллати тоҷик нақши муассир доштааст.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши муносибатҳои фарҳангии ҷаҳонӣ баланд бардоштани маърифати забонӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти забони давлатӣ аҳамияти хосса дорад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти гумрук бояд дар баробари донистани забони давлатӣ фарҳанги баланди суханро риоя намуда, дар тарғиби забони давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳм гузоранд. Ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар буда, арҷгузорӣ ба забони модарӣ омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд






