Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид

Октябрь 5, 2026 17:10

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар   шаҳри Кӯлоб якчанд иншооти соҳаи маориф ба тариқи фосилавӣ ба истифода дода шуданд, ки яке аз онҳо бинои замонавии хобгоҳи мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим дар деҳаи Лағмон  мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Бинои нави хобгоҳ ва маҷмуи иншооти инфрасохтории иҷтимоиву варзишӣ бо мақсади ба таври назаррас беҳтар намудани шароити зист, таҳсил, истироҳат ва рушди ҷисмонии тарбиятгирандагони мактаб-интернат бунёд гардид.  Бино аз 14 ҳуҷраи хоб, 160 кат, 2 толори васеъ барои бозӣ ва машғулияти инкишофдиҳанда, 5 утоқи корӣ ва бахшҳои ёрирасон барои зиндагии хуби ятимону кӯдакони маъюб иборат буда, бо низоми эҳтиётии барқ дар асоси неруи офтобӣ таъмин карда шудааст.

Ҳамчунин барои таъмини муассиса бо об  чоҳи амудии дорои чуқурии зиёда аз 100 метр омода карда шуд, ки тавассути он мактаб-интернат бо манбаи доимии об таъмин гардид.   Дар назди мактаб-интернат хоҷагии ёрирасон мавҷуд аст, ки дар он зиёда аз 670 бех дарахти мевадиҳанда шинонида шудааст.

Дар Мактаб-интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб тақрибан 150 тарбиятгирандаи синни мактабӣ ба таҳсил фаро тгирифта шуда,  ба таври шабонарӯзӣ нигоҳубин карда мешаванд.

 АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Октябрь 5, 2026 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд