Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд

Октябрь 14, 2026 09:28

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус ба бузургдошти шоири барҷастаи классики тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиши адабӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Беларус Муҳсин Омид Замонӣ, инчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Минск, намояндагони Иттифоқи нависандагони Беларус, шоирону нависандагони Беларус,  Академияи забон ва адабиёти форсӣ, Фонди Саъдӣ ва доираҳои илмию фарҳангӣ, устодону донишҷӯёни тоҷику беларуси муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо ҳадафи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабиву маънавии Ҳофизи Шерозӣ, муаррифии паёми инсонпарваронаи ӯ ва таҳкими пайвандҳои дӯстиву фарҳангӣ байни халқҳо бахшида ба Рӯзи Ҳофиз доир гардид.

Зимни чорабинӣ иброз гардид, ки Ҳофизи Шерозӣ чун яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии тоҷику форс дар ганҷинаи адабу фарҳанги ҷаҳонӣ ҷойгоҳи арзанда дорад. Ғазалиёти ҷовидонаи ӯ, ки таҷассумгари муҳаббату хирад, озодандешӣ ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст, бо гузашти асрҳо арзиши хешро нигоҳ доштааст. Ин мероси пурғановат фаротар аз марзҳои ҷуғрофию забонӣ ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, маънавиёти халқҳо ва густариши муколамаи фарҳангҳо мусоидат менамояд.

Ҳамоиши адабиро қироати ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва русӣ аз ҷониби донишҷӯёни тоҷику беларус ҳусну шаҳомати хосса бахшид. Дар маҳфил ҳамчунин намунаҳо аз ашъори шоир ба забони беларусӣ садо доданд.

Иштироккунандагони чорабинӣ баргузории ин ҳамоишро омили муҳими таҳкими дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи муколамаи фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи адабиёти тоҷику форс дар Беларус арзёбӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

 

 

Октябрь 14, 2026 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст