Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд

Октябрь 8, 2026 10:52

ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар шаҳри Арушаи Танзания дар доираи Ассамблеяи 153-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вохӯриро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Шоҳмурод Рустам оғоз бахшида, раисӣ кард. Дар ҷаласа намояндагони парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дастгоҳи Ассамблея иштирок намуданд.

Дар доираи банди якуми рӯзнома татбиқи афзалияти раёсати Федератсияи Русия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли 2026 баррасӣ шуд. Иштирокчиён масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати берунии ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро дар Иттиҳоди байнипарламентӣ баррасӣ намуда, масъалаҳои мубрами Ассамблеяи 153-юми ҷории Иттиҳоди байнипарламентиро муҳокима карданд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда доир гардида, ба ҳайатҳо имкон дод, ки мавқеи худро оид ба масъалаҳои калидии рӯзномаи байналмилалии парлумонӣ мувофиқа созанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 8, 2026 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид