Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Октябрь 29, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 октябр дар бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои иштирок дар форуми мазкур Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева, Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай, Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова ва муовини якуми Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Медербек Алиев бо ҳайатҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Қабл аз оғози форум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар толори даромадгоҳи бинои Маҷлиси Олӣ меҳмонони олиқадрро самимона истиқбол гирифта, дар ҳамин ҷо маросими аксбардории якҷояи роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.

Сипас Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кори Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ бахшида, суханронӣ намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст  ҳамтоёни худро аз давлатҳои дӯсту ҳамҷавори Осиёи Марказӣ ва аъзои ҳайатҳои расмии парламентҳои кишварҳои ҳамсояро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Изҳор гардид, ки баргузории мунтазами Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз қарори ҳамоиши машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ маншаъ мегирад, аз хусусияти устувор, бонизом ва стратегии муколамаи байнипарламентӣ дар минтақа гувоҳӣ медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ  таъкид доштанд, ки имрӯз дар Осиёи Марказӣ низоми нави ҳамкории минтақавӣ тадриҷан ташаккул ёфта, муносибатҳои байни кишварҳои минтақа боз ҳам густариш меёбанд. Асоси ин равандро ҳамоҳангсозии манфиатҳои миллӣ, рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишварҳои минтақа бо дарназардошти воқеияти имрӯзаи геосиёсӣ ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки бо шарофати иродаи сиёсии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ таҳким ёфта, муколамаи созанда рушд мекунад ва робитаҳо дар сатҳҳои гуногун густариш меёбанд. Дар баробари ин, парламентҳо дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории минтақавӣ, татбиқи созишномаҳои бадастомада ва мусоидат ба иҷрои амалии онҳо нақши муҳим доранд.

Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷонибдори таҳкими сулҳу субот, таъмини амният, густариши ҳамкории минтақавӣ ва рушди муколамаи созанда дар сатҳи бисёрҷониба мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш роҳбарони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ сухан ронда, доир ба мавзӯъҳои мубрами ҳамкорӣ ва рӯзномаи ҷаласаи форум изҳори андеша карданд.

Иштирокчиён изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои форуми Душанбе дар таҳкими шарикии байнипарламентӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, созанда ва мутақобилан судманд байни давлатҳои Осиёи Марказӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Дар фарҷом  аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома Эъломияи Душанбе қабул карда шуд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид