Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи январ то августи соли равон дар мамлакат 1 миллиону 841 ҳазору 551 тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 117 фоиз зиёд мебошад.
Соҳаи саноати ангишт яке аз самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки захираҳои фаровони он метавонад дар муддати кӯтоҳ дар пешрафти соҳаи саноати ҷумҳурӣ нақши сазовор гузорад. Ангишт яке аз манбаъҳои алтернативии энергия буда, дар аксар мавридҳо корхонаҳои саноатӣ дар раванди истеҳсолӣ ангиштро истифода менамоянд. Дар Тоҷикистон асосан се намуди ангишт — ангишти коксшаванда, антратсит ва бур мавҷуд аст.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии миллиеро амалӣ менамояд, ки яке аз онҳо ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад. Дар ин кор саноати ангишти Тоҷикистон метавонад нақши муҳим гузорад, зеро ангишт дар шароити ҷумҳурии мо ашёи хоми нисбатан арзон аст.
Дар айни замон истеҳсоли зиёда аз 55 фоиз неруи ҷаҳонии барқ ба ангишт рост меояд. Ангишт дар низоми амнияти энергетикии мамлакатҳое, ки захираҳои назарраси карбогидридӣ надоранд, нақши асосиро иҷро менамояд.
АКС аз бойгонӣ








Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид






