Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид

Октябрь 30, 2026 14:23

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вашингтон дар  мавзӯи «Омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (B5+1) нишаст  баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд.

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода, ноиби аввали Президенти Палатаи тиҷорати ИМА Хуш Чакси, ноиби Президенти Палатаи тиҷорати ИМА Ҷениффер Миел ва ширкатҳои амрикоӣ — аъзои Палатаи тиҷорати Амрико, аз ҷумла ширкатҳои бонуфузи Boeing, Visa, Coca-Cola, KBR ва McLarty Associates иштирок намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ширкатҳои амрикоӣ муаррифӣ намуд, гуфт, ки Тоҷикистон дар минтақаи муҳими стратегӣ ҷойгир шудааст ва аз захираҳои табиӣ, аз ҷумла маъданҳои нодири стратегӣ, обию гидроэнергетикӣ бой аст.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон моҳи апрели соли 2027 мизбони Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА (B5+1) хоҳад гардид ва ширкатҳои амрикоиро ба иштироки фаъол дар Форуми мазкур даъват шуданд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки барои дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои беҳтарин гузаронидани Форуми мазкур  ҳамкорӣ ва корбарӣ менамоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

 

Октябрь 30, 2026 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд