Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид

Октябрь 1, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026, ки 29-30 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирокдорон Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамиро қабул намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ин эъломия иродаи муштараки иштирокчиёни форумро барои истифодаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба манфиати инсон, рушди устувор ва ҳамкории судманди минтақавию байналмилалӣ ифода менамояд.

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мавқеъ ва ниятҳои муштаракро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, дар рушди неруи ҷавонон ва имконияти рақамӣ ифода намудааст. Гуфта мешавад, ки ҷавонон неруи муҳими пешбарандаи рушди инноватсионӣ ва иқтисоди рақамӣ буда, сармоягузорӣ ба таҳсилоти босифат, саводнокии рақамӣ, малакаҳои технологӣ ва соҳибкории ҷавонон омили асосии табдил додани неруи зеҳнии онҳо ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

Дар эъломия гуфта шудааст, ки “дастгирии ташаббусҳоеро муҳим мешуморем, ки ҷавононро барои таҳияи маҳсулоту хизматрасониҳои рақамӣ, таъсиси ширкатҳои инноватсионӣ ва иштирок дар бозори меҳнати миллӣ ва байналмилалӣ омода месозанд. Ба дастрасии баробари занону духтарон, шахсони маъюб ва сокинони минтақаҳои дурдаст ба омӯзиш, технология ва имконияти шуғл таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем”.

Ҳамзамон дар эъломия омадааст, ки “рушд ва истифодаи зеҳни сунъиро ба манфиати инсон бо риояи талаботи бехатарӣ, шаффофият, масъулият ва ҳифзи маълумоти шахсӣ дастгирӣ менамоем. Аҳаммияти арзёбии хавфҳо, пешгирии табъиз ва таъмини назорати инсонро ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ дар қабули қарорҳои ба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таъсиррасон таъкид менамоем”.

Дар эъломия гуфта шудааст, ки дар иртибот ба ташаббуси таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун заминаи ҳамкории илмӣ, омодасозии кадрҳо, табодули дониш ва таҳияву озмоиши технологияҳо дастгирӣ, инчунин ба ҳамкорӣ дар таҳияи воситаҳои зеҳни сунъӣ бо забонҳои миллии кишварҳои минтақа ва истифодаи онҳо дар хизматрасониҳои давлатӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Ҳамзамон дар эъломия иштирокдорони форуми байналмилалӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ, аз ҷумла қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод, ки таҷлили ҳамасолаи он аз соли 2027 пешбинӣ шудааст, истиқбол намудаанд. Гуфта мешавад, ки баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, илмӣ ва омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, боэътимод ва боварибахш ҳамчун воситаи баланд бардоштани огоҳии ҷомеа ва рушди ҳамкории байналмилалӣ ҷонибдорӣ карда мешавад.

Иштирокдорон рушди стартапҳо, паркҳои технологӣ, аз ҷумла IT Park, марказҳои дастгирӣ ва суръатбахшии рушди соҳибкорӣ, инчунин робитаи устувори илм бо истеҳсолотро шарти муҳими ташаккули иқтисоди ба дониш асосёфта маънидод намуданд.

«Ҷонибдори рушди идоракунии давлатии самаранок, шаффоф ва ба ниёзҳои шаҳрвандону соҳибкорон нигаронида мебошем. Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ бояд бо содагардонии расмиёт, кам кардани хароҷоту вақти муроҷиаткунандагон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҳамроҳ бошад»,- омадааст дар эъломия.

Ҳамзамон иштирокдорони ин чорабинии сатҳи баланд табодули таҷрибаро дар самти гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, ҳамгироии низомҳои иттилоотии байниидоравӣ, мушаххассозии электронии шахсият ва пешниҳоди хизматрасониҳо тавассути платформаҳои ягона дастгирӣ намуда, ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти мубодилаи иттилоот ва дастрасии фарогирро, аз ҷумла барои шахсони дорои имконияти маҳдуди истифодаи технологияро ҷузъи ҷудонопазири ин раванд арзёбӣ намудаанд.

Ҳифзи инфрасохтори муҳими иттилоотӣ, идоракунии хавфҳо ва омодагӣ ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои киберӣ дар ин санад зарур шуморида шуда, табодули таҷриба ва иттилоот оид ба таҳдидҳои киберӣ, гузаронидани машқҳои муштарак, омодасозии мутахассисон ва рушди робитаҳои касбӣ байни сохторҳои дахлдор бо риояи қонунгузорӣ ва талаботи ҳифзи иттилоот дастгирӣ ёфтааст.

Рушди тиҷорати электронӣ, технологияҳои молиявӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ воситаи васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, афзоиши имконияти соҳибкорӣ ва иштироки фаъол дар иқтисоди рақамӣ муҳим арзёбӣ гардидааст.

Иштирокдорони форум омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳоро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати рақамӣ зарур шуиорида, рушди ҳамкории рақамӣ байни кишварҳои Осиёи Марказиро дар асоси афзалияти миллӣ ва манфиатҳои муштарак дастгирӣ намуда, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, шарикони рушд ва сармоягузоронро барои ҳамкорӣ дар таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок даъват намуданд.

Дар эъломия Форуми TAJ-TECH ҳамчун майдони доимии муколамаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, муаррифии дастовардҳои технологӣ, баррасии имконияти сармоягузорӣ ва ташаккули лоиҳаҳои муштарак арзёбӣ карда шуда, ташаббуси ҳамасола дар Душанбе доир намудани Форуми байналмилалии TAJ-TECH ҷонибдорӣ гардидааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 1, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад