Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад

Октябрь 5, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва чангу  ғубор ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат борида,  дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмудат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, хокбориш ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) дар назар буда,  дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмудат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 8-13 метр дар як сония вазида, чангу  ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

 

 

Октябрь 5, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад