Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд

Октябрь 31, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  пешгӯӣ гардида, дар водиҳо 17+22 дараҷа гарм шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо  борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ  бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бориши борон ва  дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Бохтар асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония вазида,  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағирёбанда пешгӯӣ шуда,  дар баъзе минтақаҳо бориши  борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо то 10-15 вазида, чангу  ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм ва  рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши  борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония, дар баъзе ҳолатҳо то 7-12 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 8+10 дараҷа ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.

 

Октябрь 31, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар