Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ, ки аз 18 то 24 октябр дар Ҷопон доир мегарданд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати мамлакат барои иштирок дар мусобиқаи мазкур аз 24 нафар, аз ҷумла 13 варзишгар, 5 мураббӣ ва 6 намояндаи расмӣ иборат мебошад. Варзишгарони тоҷик дар шаш намуди варзиш барои ҳимояи шарафи варзишии Тоҷикистон ва ба даст овардани натиҷаҳои арзанда талош хоҳанд кард.
Бо мақсади таъмини иштироки сазовори даста корҳои зарурии ташкиливу омодагӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои аккредитатсияи ҳайат, тасдиқи иштироки варзишгарон аз ҷониби федератсияҳои байналмилалӣ, мутобиқат ба талаботи тахассусӣ ва квотаҳои муқарраргардида ҳал карда шуданд.
Ҳамзамон барои ҷойгиркунӣ ва таъмини хӯроки иштирокчиён дар меҳмонхонаҳои пешбинишудаи шаҳри Нагояи Ҷопон шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Ҳама иштирокчиёни интихобшуда бо чиптаҳои ҳавопаймо, кортҳои аккредитатсионӣ, либоси ягонаи варзишӣ, либоси расмӣ ва лавозимоти зарурӣ таъмин шудаанд.
Сафарбарии ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2026 оғоз гардида, то нимаи дуюми моҳи октябр идома меёбад.
АКС: Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон


















Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






