ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд

Октябрь 14, 2026 09:11

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолият ва вазъи омодагии Беморхонаи шаҳрии рақами №2, Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ва таваллудхонаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Аснои боздид роҳбари вилоят вазъи омодагии муассисаҳои тиббиро ба давраи тирамоҳу зимистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, муассисаҳои тиббӣ барои фасли сармо бо ангишт, ҳезум ва дигар маводи зарурии сӯхт таъмин буда, дар онҳо низоми муосири гармидиҳӣ мавриди истифода қарор дорад.

Ҳамзамон дар муассисаҳои тиббӣ бо мақсади беҳтар намудани имконияти ташхису табобат биною иншооти нав сохта, таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас гардидаанд.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки омодагии муассисаҳои тандурустиро ба фасли зимистон ҳамаҷониба таъмин намуда, маводи сӯхтро самаранок истифода баранд ва ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани шароити будубоши беморон ва ҳифзи саломатии модару кӯдак таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Омодагии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 таҳти назорати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Октябрь 14, 2026 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд