ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират шаҳрвандонро аз тағйироти нави қонунгузории ин давлат огоҳ менамояд. Тибқи талаботи нав, доштани доғи судии бардоштанашуда ё барҳамнахӯрда барои баъзе ҷиноятҳо метавонад барои гирифтани патент монеа гардад.
– Мутобиқи Қонуни федералии Федератсияи Русия «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия», ба шаҳрвандони хориҷие, ки доғи судии бардоштанашуда ё барҳамнахӯрда доранд, патент дода намешавад.
Бо мақсади пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатӣ дар Русия ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар мавҷудияти доғи судӣ ва мақоми ҳуқуқии онро муайян намоянд.
Дар ҳолати доштани доғи судӣ пеш аз сафар мутмаин шаванд, ки доғи судӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун бардошта шудааст ва мақоми ҳуқуқии он ба талаботи қонунгузории Русия оид ба гирифтани патент мутобиқат мекунад.
Барои гирифтани маълумот дар бораи тартиб ва муҳлати бардоштани доғи судӣ ба мақомоти ваколатдор дар дохили кишвар муроҷиат намоянд.
Пеш аз анҷом додани хароҷоти сафар бояд имконияти гирифтани патент ва ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатиро тибқи талаботи қонунгузории Русия санҷанд.
Ёдовар мешавем, ки пешакӣ муайян кардани мақоми ҳуқуқии доғи судӣ ва мувофиқати он ба талаботи қонунгузории муҳоҷират метавонад аз хароҷоти беҳуда ва мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми ба расмият даровардани фаъолияти меҳнатӣ дар Русия пешгирӣ намояд.
Намояндагӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки пеш аз сафар талаботи қонунгузории мамлакати қабулкунандаро ба инобат гирифта, барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ омодагии зарурии ҳуқуқӣ гиранд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо оид ба ин масъалаҳо шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44 ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» ва Телеграмм муроҷиат намоянд. Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
– ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
– ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
– ҳавзаи федералии Марказӣ: вилоятҳои Твер, Смоленск ва Ярослав +7 (923) 554 39 46;
– ҳавзаи федералии Приволжие, шаҳри Қазон: +7 (926) 311-52-53;
–ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, шаҳри Санкт-Петербург: +7(977)963-25-69;
– ҳавзаи федералии Сибир, шаҳри Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
– ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, шаҳри Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
– ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
– ҳавзаи федералии Шарқи Дур, шаҳри Хабаровск: +7(914) 202-09-56;
– минтақаи Ҷумҳурии Саха- Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217-0105, +7 (924) 361-80-33.
АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират








ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд






