ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Забон – рукни муҳимми давлатдории миллӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати забони давлатӣ, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, тарғиби фарҳанги волои забондонӣ, баррасии масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷик ва муайян намудани роҳҳои муассири ҳифзу рушди забони давлатӣ доир карда шуд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода таъкид намуд, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, омили муҳимми ҳифзи ҳувият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, дар ташаккули тафаккури миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва муаррифии тамаддуни пурғановати халқи тоҷик нақши муассир дорад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ дар тӯли асрҳо ҳастии маънавии миллатро ҳифз намуда, бо осори безаволи адибону мутафаккирони бузург мақоми худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ устувор гардонидааст. Дар шароити соҳибистиқлолӣ масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус аҳли зиё, омӯзгорону муҳаққиқон ва ҷавонон, дар роҳи ҳифзи асолат, покизагӣ ва рушди забони давлатӣ боз ҳам бештар мегардад.
Дар идомаи конференсия намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зимни маърӯзаҳо масъалаҳои марбут ба мақоми забони давлатӣ дар низоми давлатдорӣ, ташаккул ва рушди забони адабии тоҷик, риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар муоширати расмӣ, коргузорӣ ва воситаҳои ахбори омма, инчунин нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар баланд бардоштани фарҳанги забондонии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён, ҳамзамон, доир ба масъалаҳои истилоҳсозӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавии забони тоҷикӣ, истифодаи дурусти вожаҳои иқтибосӣ, таҳкими мақоми забони давлатӣ дар фазои иттилоотӣ ва зарурати мутобиқ намудани раванди омӯзиши забон ба талаботи замони муосир андешаҳои худро баён карданд.
Таъкид шуд, ки забон на танҳо воситаи муошират, балки оинаи таърих, тафаккур, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллат буда, эҳтиром ба он нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва давлатдории мустақил мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати забон, риояи қоидаҳои имло ва меъёрҳои забони адабӣ бояд ба ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳар як корманду омӯзгор, донишҷӯ ва зиёӣ табдил ёбад.
Дар ҳошияи конференсия, ба хотири боз ҳам гиромӣ доштани мақому манзалати забони давлатӣ ва таҷассум намудани зебоиву ширинии забони модарӣ, аз ҷониби чанде аз донишҷӯён шеърҳо дар васфи забони тоҷикӣ, Ватан ва арзишҳои миллӣ қироат гардиданд. Пораҳои шеърӣ бо мазмуну муҳтавои ватандӯстона ва эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, муҳаббату садоқатро ба забони давлатӣ бозгӯ намуданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон










Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






