Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 / АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр дар шаҳри Вентян мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Идибек Қаландар ва ҳайати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаосро муовини вазири корҳои хориҷӣ Майтонг Таммавонса роҳбарӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, ба масъалаҳои таҳкими муколамаи байнидавлатӣ, такмили заминаи ҳуқуқии муносибатҳо, густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин гузаронидани машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид






