Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид

Ноябрь 5, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши муштараки асарҳои эҷодии рассомони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишкадаи санъати тасвирии Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Тоҷикистон ва Чин: ҳамоҳангии рангҳо дар масири «Роҳи Абрешим»» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада иттилоъ доданд, намоиш бо мақсади густариши робитаҳои фарҳангӣ ва эҷодӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн баргузор гарид. Ин намоиш барои муаррифии дастовардҳои ҳунарии ду давлат, табодули таҷрибаи касбӣ байни рассомону омӯзгорон ва муҳаққиқон замина фароҳам меорад.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷӯрахонзода иброз намуд, ки санъати тасвирӣ ҳамчун забони байналмилалии фарҳанг метавонад дар байни халқҳо фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва дӯстиро тақвият бахшад.

Таъкид гардид, ки ҳамкории муассисаҳои олии таълимии ду давлат дар самти санъат ва дизайн барои муаррифии анъанаҳои миллӣ, шиносоӣ бо равияҳои муосири эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии мутахассисони ҷавон имконияти нав фароҳам меорад.

Дар намоишгоҳ 30 асари рассомони чинию тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд.

Намоиши «Тоҷикистон ва Чин: ҳамоҳангии рангҳо дар масири «Роҳи Абрешим»» ифодагари пайванди таърихии ду тамаддун ва идомаи робитаҳои фарҳангии халқҳои Тоҷикистону Чин дар замони муосир мебошад.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад