Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 10, 2026 09:31

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Муассисаи давлатии Литсейи «Дурахшандагон» дар шаҳри Душанбе, дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ бо 160 курсӣ, китобхона, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, хобгоҳ, ҳуҷраи шоҳмот, ду толори варзишӣ барои мусобиқаҳои волейболу футболи хурд ва тамрини муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.

Гуфта шуд, ки дар муассисаи нави таълимӣ барои таҳсили 640 хонанда шароит фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаҳои фанҳои дақиқ, лингафонӣ ва зеҳни сунъӣ хонандагон метавонанд донишҳои муосирро аз бар намоянд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 бори нахуст дар литсей наврасон аз синфи 8 ба таҳсил фаро гирифта шуд ва минбаъд қабули довталабон тариқи озмун ва супоридани имтиҳонҳои хаттӣ сурат мегирад.

Бинои хобгоҳи литсей дорои 69 ҳуҷра буда, барои 400 нафар пешбинӣ шудааст. Дар он тибқи талабот барои зисти наврасон шароит фароҳам гардидааст.

Дар саҳни бино майдончаи сафороӣ ва лавҳаи хотиравӣ бунёд гардида, нимпайкараи намояндагони илму адаби тоҷик гузошта шудааст. Ҳамчунин, 3 майдончаи варзишӣ барои обутоби бадан ва баргузории мусобиқаҳои футболи хурду волейбол бунёд гардидааст, ки ба тарбияи ҷисмонии наврасон мусоидат мекунад.

Зикр гардид, ки бунёди иншооти нав ва фароҳам овардани шароити зурурии барои таҳсил натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Роҳбари давлат ба ҷавонон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ба омода намудани кадрҳои баландихтисос ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта мусоидат мекунад.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоякунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъминкунандаи волояти қонун ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, наврасон аз хурдӣ дар ин муассисаи барҳавои таълимӣ бояд бо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, садоқат ба пешаи пуршарафи хизматчии низомӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ ба камол расанд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва омӯзгоронро барои истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёшуда, бо усулҳои муосири педагогию низомӣ ба роҳ мондани раванди таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ба камол расонидани хизматчиёни ояндаи низомии кишвар вазифадор намуданд.

Ифтитоҳи муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10.11.2026

Ноябрь 10, 2026 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон