Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» соли 2015 90-сола шуд. Мақомоти  марказии иттилоотии Тоҷикистон  31  декабри  соли  1925 бо  қарори  ҳайати  раёсати  Кумитаи  инқилобии  Ҷумҳурии худмухтори  шӯравии  сотсиалистии Тоҷикистон дар  бораи   ташкили   шуъбаи  ТАСС  (Агентии телеграфии  Иттиҳоди  Шӯравӣ)  дар  Тоҷикистон таъсис  ёфта  буд,  ки баъдан шуъба  мақоми Агентии телеграфии  Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб  намуд. ТоҷикТА дар он  давра  асосан  вазифаи  қабули  маводи  ТАСС-ро аз Маскав ва  интишори онро  тавассути  рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷо  оварда, ҳамзамон «Ахборномаи иттилооти маҳалӣ»-и хурд мебаровард.

Маводи ибтидоии моддӣ ва техникии  ТоҷикТА аз радиоприёмник иборат буда, аз  тариқи он иттилооти Иттиҳоди шӯравӣ ва хориҷӣ қабул карда мешуданд. Баъдан мошинаи чопӣ ва ротатор- мошинаи хурди чопӣ барои зиёд намудани иттилоия онро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума карда,  ба рӯзнома, радио ва баъзе ташкилотҳо ирсол менамуд.

Ҳамчун як воҳиди ҷудонопазири ТАСС ва мақомоти иттилоотии ҳукуматии ҷумҳурӣ ТоҷикТа иттилооти саҳеҳу мӯътамадро дар бораи ҳаёти ҷумҳурӣ ва сиёсату иқтисод, дипломатия, илму фарҳанг, варзиш ва зуҳуроти муҳими ҷамъиятии он ҷамъоварӣ ва паҳн мекард.

Агентӣ тадриҷан ба оинаи ҳаёти ҷомеа табдил ёфт. Иттилооти онро дигар воситаҳои ахбори омма бештар паҳн мекарданд. Он бори аввал ибораҳои «Вахшстрой», «НБО Норак», «ТадАЗ», «Пахтаи маҳиннах», «Лимони Тоҷикистон» ва «Ёвон»-ро ба дунё баровард.

Бо мурури замон ТоҷикТа ба маркази бузурги ҳамоҳангсози иттилоотии ҷумҳурӣ, дорои чандин бахшҳо-ҳайати эҷодиву техникӣ, инчунин хабарнигорони махсус дар вилоятҳои ҷумҳурӣ — Кӯлоб, Қӯрғонтеппа (баъдан ҳардуяш ба вилояти Хатлон табдил шуданд), Ленинобод (Суғд) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) табдил ёфт. Агентӣ мактаби хуби эҷодии маҳорати журналистон ва тарҷумонон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) гардид.

Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба тамоми кори Агентӣ, ҳамчунин ба тамоми ҳаёти Тоҷикистон таъсир расонд. Дар ин солҳо аксҳои махсуси ТоҷикТа, ки ҳикоятгари вазъ дар ҷабҳа ва кор дар ақибгоҳ буданд, бароварда мешуданд. Қисми зиёди кормандон ба сафи ҳомиёни Ватан ҳамроҳ шуданд. Дар агентӣ занон ва нафарони солхӯрда кор мекарданд.

Дар солҳои барқарорсозии хисороти вориднамудаи ҷанг ТоҷикТа васеъ намудани имконоти худро идома дод. Каналҳои интишоротии  (лентаҳои) он пурра  на танҳо дар самти дохилӣ, балки дар самти хориҷӣ ҳам хабар паҳн менамуданд. Ба хориҷа асосан иттилоот дар бораи рушди комплекси ҳудудӣ-истеҳсолии ҷануби Тоҷикистон, дастовардҳои миллат, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ирсол мегардид.

Соли 1972 низоми ТАСС ва тамоми агентиҳои телеграфии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла Тоҷикистон ба хадамоти ягонаи иттилоотии ИҶШС табдил ёфт. Мақоми ТоҷикТа ба мақоми Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон баробар шуд. Тадбирҳои андешида дар самти таҷҳизи техника имкон доданд, ки фаврият ва сифати ахбор беҳтар, доираи паҳншавии он васеътар ва шумораи иттилоот зиёдтар карда шавад. Ҳар моҳ тавассути каналҳои ТАСС беш аз 100 маводи иттилоотӣ доир ба ҳаёти Тоҷикистон паҳн мегардид. Барои ҷумҳурӣ чор идораи  ТоҷикТа то 3,5 ҳазор ахбор омода менамуданд.

Соли 1981 дар идораи  иттилооти аккосӣ озмоишгоҳи акси ранга таъсис ёфт ва он бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз  шуда буд. Дар натиҷа Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои акси рангаи умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ иштирок менамуд. Дар ин ҷо ягона дастгоҳи ҳуруфоти пластмассӣ фаъол гардид, ки он дар Осиёи Марказӣ ягона буд. Он фармоишҳои газетаҳои ноҳиявиро иҷро мекард. Ин идора  ҳар моҳ гулчини аксҳои «Тоҷикистони имрӯза»-ро то 400 нусха мебаровард. Агентӣ на танҳо нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, балки 7 нашрияи вилоятӣ ва 44 нашрияи ноҳиявиро бо иттилоот таъмин менамуд.

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 ба агентӣ хисороти зиёд овард. Вале, кор дар агентӣ ягон рӯз қатъ нагардида, пас аз қатъи амалиёти ҷангӣ дар Тоҷикистон агентӣ ба маҷрои муқаррарӣ гузашт. Техникаи нав ворид гардид. Сафи коргарон, ки ба иҷрои уҳдадориҳо баҳри инъикоси ҳаёт ва рушди Тоҷикистон дар ВАО пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ пардохтанд, зиёд гардид.

Аз 10 апрели соли 1992 ТоҷикТа ба Маркази иттилоотии Тоҷикистон (МИТ) «Ховар» табдили ном кард. 30 апрели соли 2004 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун мақоми марказии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Агентии миллиии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар»-ро гирифт.

Агентӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи ВАО, ки Тоҷикистон ба онҳо шомил аст, фаъолият мекунад.

АМИТ «Ховар» мақомоти марказии давлатии иттилоотӣ буда, вазифаи асосии он ҷамъоварӣ, паҳн намудани иттилоот доир ба масоили муҳими дохилӣ ва сиёсати хориҷии кишвар ва ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он дар ҷумҳурӣ ва хориҷи он мебошад. Ахборномаи махсуси «Набзи Ховар» («Пульс Востока») ҳамарӯза (ба истиснои рӯзҳои истироҳатӣ) барои мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ ва сохторҳои байналмилалӣ омода мешавад.

АМИТ «Ховар» ҳамчун мақомоти марказии давлатии иттилоотӣ дорои ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва паҳни иттилоот ва санадҳои расмӣ оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи шарҳи онҳо мебошад.

Дар солҳои фаъолияти тӯлонии агентӣ дар он ҳайати хуби кадрҳои журналистӣ ба воя расид, ки дар бисёр ВАО ва дигар сохторҳо фаъолият доранд.

Асоси кори хабарнигоронро фаврият ва инъикоси воқеъбинонаву саҳеҳи рӯйдодҳо дар ҳаёти ҷумҳурӣ ташкил медиҳад. Иттилооти ҷамъовардаи онҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ангилисӣ, арабӣ ва ҳуруфоти форсӣ пахш мегардад.

Дар назди АМИТ «Ховар» аз соли 2011 инҷониб КВД радиои «ҒМ Ховар» фаъолият мекунад, ки имрӯз яке аз маҳбубтарин радиоҳои кишвар маҳсуб меёбад. Ин радио ҳар ним соат хабарҳоро оид ба муҳимтарин ҳодисаву рӯйдодҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон ба сокинони кишвар мерасонад. Ҳамзамон, дар тамоми гӯшаю канори олам тариқи сомонаи АМИТ «Ховар» (www.khovar.tj) дар шабакаи ҷаҳонии Интернет шунидани барномаҳои Радиои «ҒМ Ховар» имконпазир аст.

_________________________________________________________________________________________

РОҲБАРИЯТ

Директори АМИТ «Ховар» — Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА

Муовини аввали директори АМИТ «Ховар» — Рухсора НУРЗОДА

Муовини директори АМИТ «Ховар» — Расул МАҶИДЗОДА

 БАРОИ МАЪЛУМОТ  

Тел.: +992 (37) 223-23-83 /қабулгоҳ/, +992 (37) 2385217 /маъмурияти сомона /, +992 (37) 238 5465 /директори радио/

Факс.: + 992 (37) 223-23-83

Е-mail: info@khovar.tjniat@khovar.tj

 ШУЪБАИ ТАҲРИР

Сармуҳаррири бахши тоҷикӣ – Назокат ҚОДИРОВА

Сармуҳаррири бахши русӣ – Елена БАТЕНКОВА

Муҳаррирон – Пайрав НАЗАРОВ, Акрамхоҷа АКБАРОВ

Муҳаррири Шуъбаи тарҷума — Хушнуд РАҲМАТУЛЛОЕВ

Муҳаррири Студияи аккосӣ —

Шореҳи адабӣ – Мансур САЙФИДДИНОВ

Мусаҳҳеҳ — Владимир ЯКОВЛЕВ

КВД «РАДИОИ ҒМ ХОВАР»

Директори радио – Саидҷаъфар АШӮРЗОДА

ШУЪБАИ ТИҶОРАТ

Тел.: +992 (37) 238 -54-65
Факс.: +992 (37) 223-23-83

E-mail: niat@khovar.tj,

Суроғаи ҳуқуқӣ

АМИТ «Ховар»: 734018, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ 16.