Ба саҳифаи асосӣ

Дурдонаҳо аз гуфтори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон АМИТ “Ховар” тақдим мекунад

                            

                          ДАР БОБИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

president_0 (1)Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор мераванд.   Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст. Ғояи Ваҳдати миллӣ ва истиқлолхоҳӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти милли тоҷикон мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.

*******

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоляти давлатӣ ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо точикон аст. Зиракии сиёсӣ омили Ваҳдати миллӣ, амнияту осудагӣ ва волоияти қонун мебошад. Созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ роҳи рушду такомули минбаъдаи Тоҷикистонро равшан сохт. Сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин  қадру қимати бузург доранд.                                                          

*******

Мо бояд Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатиро чун дигар муқаддасоти халқамон ҳифз намоем. Дар ҷодаи ободонию пешрафти Тоҷикистони азиз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оштӣ нақши бузург дорад.  Маҳз сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллӣ асоси рушди устувори кишвари соҳибистиқлоли мо гардид. Ватанро дӯст доштан ва ба қадри Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ вазифаи ҷонии ҳар яки мост.

*******

Мо бояд Ваҳдати миллӣ ва сулҳу сафоро чун гавҳараки чашм муҳофизат кунем ва ба наслҳои оянда мерос гузорем.    Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш мебошад. Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад. Рузӣ Ваҳдати миллӣ дар байни ҷашнҳои миллии мо мақому манзалати хосса дорад.  Ва     таъмини сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, хидмати халқи шарифи Тоҷикистон аст.

*******

Пойдории  миллати тоҷик маҳз дар тафаккури сулхоҳӣ ва хислати таҳаммулпазирии он аст. Ваҳдати миллии тоҷикон ба сарвати сиёсатшиносии ҷаҳонӣ шудааст. Ваҳдати миллӣ таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.   Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзию хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид. Ғояи Ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод.

*******

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи Ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафҳуми ватандорӣ бисёр муҳим аст.  Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад. Қабул намудани андешаи Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои мо, тоҷикон, бесабаб набуд. Ғояи сиёсию мафкуравии мо Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад.

*******

Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа шароити зарурӣ муҳайё созем. Барои халқи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи таърихӣ ва тақдирсоз мебошад. Бигузор, хуршеди сулҳу ваҳдат ва муҳаббату бародарӣ бар фарози  Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол то абад тобанда бошад!

*******

Ҳамаи мо вазифадорем, ки шукронаи соҳибватанию соҳибдавлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромии кишварро ба ҷо орем.  Мо вазифадорем, ки ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳарчи бештар заҳмат кашем.   Таъмини Ваҳдати миллӣ, амният, сулҳу суботи ҷомеаи Ватани маҳбубамон масъулияти бузургро аз ҳар яки мо талаб дорад.

*******

Мо бояд Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва ба қадри Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ бирасем. Дар  баробари таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мо бояд аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир огоҳ бошем. Халқи худшиносу ватандӯсти кишварамон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ саҳми шоиста мегузоранд ва   бо талошу заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту сулҳпарвари худ ба ҳамаи мақсадҳои некамон мерасем.

*******

Таҷрибаи сулҳофаринӣ ва Ваҳдати миллии тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ падидаи нодир аст.   Ба шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу субот дар мамлакатамон марҳалаи созандагӣ фаро расидааст. Маҳз ба шарофати Ваҳдати  миллӣ ва сулҳу суббот ба мо муяссар шуд, ки давлати соҳибистиқлоли хешро аз хатари нестшавӣ нигоҳ  дорем. Маҳз Ваҳдати миллӣ решаҳои Истиқлолияти давлатии моро мустаҳкам кард.

*******

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамрайъӣ нақшаҳои бузурги умумимиллиро тарҳрезӣ намудем. Мо бояд кӯшиш намоем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо соли пешрафту комёбиҳо бошад. Мо, мардуми Тоҷикистон, имкониятҳои зиёди таърихию фарҳангӣ ва заминаҳои мусоиди иҷтимоии бунёд ва нигоҳдории Ваҳдати миллиро дорем.

*******

Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем. Бигузор Ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният дар сарзамини аҷдодӣ ва бостонии мо ҳамеша пойдор бошад. Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу Ваҳдати миллӣ бартараф созем.  Истиқлолияти давлатӣ  ва Ваҳдати миллӣ бо ҳам тавъам мебошанд.

*******

Худшиносию худогоҳи миллӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ омилҳои таҳкимбахши Ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди мардуми Тоҷикистон аст. Мо бояд Ваҳдати миллӣ ва сулҳу ҳамбастагии мардуми кишварамонро ҳамеша ҳифз намоем.

НАВРӯЗ–СУННАТИ МОНДАГОРИ ВАҲДАТГАРО

Наврӯз ҳамчун ҷашни фарруху хусравонӣ дар сарзамини аҷдодии мо арзи ҳастӣ намуда, решаҳои он аз устураҳои ориёӣ сарчашма мегиранд. Ин ҷашни фархунда миёни мардуми тоҷик ва аксари кишварҳои Шарқ мақом ва манзалати махсус дорад. Доир ба пайдоиш ва шукӯҳу шаҳомати ин ойини нек дар осори гаронбаҳои гузаштагони мо, бахусус дар “Авасто”, “Бундаҳишн”, “Дарахти асурик”, теъдоди зиёди адабиёти паҳлавӣ, баъдҳо дар «Шоҳнома»-и Абӯмансури Дақиқӣ ва пас аз он дар “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Гардезӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва сарчашмаҳои дигари муътамад маълумоти фаровоне омада, мақому манзалат ва бузургии ин ойини ростин тавсиф шудааст.

*******

Халқи мо дар масири таърих ба маросимҳои наврӯзӣ эҳтиром гузошта, беҳтарини онҳоро дар ҳофизаи фарҳангии худ нигох доштааст. Аз миёни урфу одатҳои наҷиби наврӯзӣ бахшидани гуноҳҳо, аз қалбҳо дур кардани кинаҳо, пок намудани дилҳо, тақдими шодбошиҳо, сафеду тоза кардани хонаҳо, некӣ ба инсонҳо, кумак ба ниёзмандон, густурдани хон ва омода кардани таомҳои наврӯзӣ асрҳо инҷониб идома доранд.Наврӯз боз аз он ҷиҳат дар миёни халқамон арзишу эҳтиром дорад, ки инъикосгари эҳёи табиат ба шумор меравад. Он бо сад накҳату ороиш аз омадани баҳор мужда оварда, ба дилҳо сафо мебахшад.

*******

Бо омадани Наврӯз табиат зинда гардида, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ ба торикӣ, ҳаракат ба оромӣ ғалаба мекунад ва марди деҳқон бо умед ба замин донаи ризқ мепошад. Ин маросими наврӯзӣ барои мардуми деҳқон хусусияти хос дошта, дар фарҳанг ва адабиёти классикии мо муҷиби зуҳур намудани ойини кишоварзӣ гардидааст, ки поягузораш шоир ва мутаффакири тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ мебошад. Носири Хусрав дар маснавиҳои худ фазилатҳои ойини кишоварзиро васф намуда, мақому манзалати марди деҳқон ва умуман кишоварзонро бисёр арзишманд шуморидааст.

*******

Дар асоси  таъкидҳои ниёгон зарур аст, ки мардуми мо дар баробари тантанаҳои наврӯзӣ ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода карда, ба кишту кор машғул шаванд, ниҳол шинонанд, боғ бунёд кунанд ва ҳашарҳо ташкил карда, майдону кӯчаҳо ва боғу хиёбонҳоро тозаву озода намоянд. Бовар дорам, ки мардуми мо ҳам роҳати наврӯзӣ мекунанд ва ҳам ҳар рӯзи наврӯзро ғанимат дониста, дар замину киштзорҳо ғайратмандона кору фаъолият менамоянд. Дар хотираи фарҳангии халқи мо инчунин ҷашни фархундаи Наврӯз ҳамчун ойини мадоро ниҳоят маъруфу арҷманд мебошад.

*******

Дар айёми Навруз — ин ҷашни хусравонӣ одамон аз хурд то бузург бо ҳамдигар муомилаи нек мекунанд, бо нармӣ сухан мегӯянд, ба ҳам созиш карда, қаҳру ғазаб ва кину адоватро аз худ дур мегардонанд. Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ пазируфта шуд, шукӯҳу шаҳомати нав пайдо кард ва ба ҷашни воқеан мардумии халқи сарбаланди тоҷик табдил ёфт.

*******

Арҷгузории халқи мо ба маросимҳои Навруз — ин ҷашни фаррух ва таблиғи арзишҳои башардӯстонаву инсондӯстонаи он боис гардид, ки Наврӯз ва ойинҳои он дар арсаи ҷаҳон шукӯҳу шаҳомати нав касб карданд ва дар ақсои олам тарафдорони зиёде пайдо намуданд. Ҳамин асос шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид дар қатори ҷашнҳои байналмилалӣ 21-уми мартро “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эълон намуд.

*******

Ба хотири боз ҳам беҳтар арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки наврӯзӣ бо ташаббуси Тоҷикистон ҳамасола вохӯрии сарони давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз баргузор мегардад ва дар доираи он чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла суҳбату дидорбиниҳо бо олимону омӯзгорон, адибону шоирон, санъаткорону ҳунармандон ва рӯзноманигорон чун расми наврӯзӣ ва анъанаи неки ниёгон доир карда мешаванд. Қадрдонӣ ва эҳтироми шоистаи зиёиён нишонаи мақому манзалати волои онҳо дар ҳаёти ҷомеаи мо буда, аз фаъолияти пурсамари онҳо дар роҳи пешрафти кишвари маҳбубамон сарчашма мегирад. Гузашта аз ин, зиёиён ҳамеша ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа соҳиби маҳбубияти хос мебошанд.

*******

 Зиёиёни мо дар иҷрои ин рисолати таърихӣ ба хотири татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат корҳои назаррасро дар соҳаҳои мухталиф иҷро мекунанд. Равшанфикрони мо вазифадоранд, ки  барои  рушди Тоҷикистони азиз, пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ кӯшиш намоянд. Дар ин самт мо, пеш аз ҳама, ба омӯзгорон такя намуда, вазифаи онҳоро ба сифати равшанфикрони пешқадам дар дуруст ва самаранок ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон мебинем.

*******

Аҳли зиёи кишвар бояд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Махсусан, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо такя ба омӯзгорони деҳот барои баланд бардоштани мақоми зиёиёни деҳот аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг, табибон ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

*******

Ба тарбияи насли олимони даврони истиқлолият бештар таваҷҷуҳ карда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои пешқадаму инноватсионии онҳо заминаи боз ҳам мусоидтар фароҳам хоҳем овард. Зеро илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбанд. Дастовардҳои олимони мо дар даврони истиқлолият кам нестанд. Як қатор ихтирооти онҳо дар соҳаи илмҳои бунёдӣ самараи даврони истиқлолият буда, хизмати олимон дар равшан намудани саҳифаҳои торики таърих, таблиғи осори ниёгон ва бахусус, дар баррасии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии замони муосир назаррас мебошад. Вале ҳамаи ин ҳанӯз кофӣ нест.

*******

Тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди илму маориф ва санъату фарҳанг бояд вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар  қарор гирад ва онҳо бояд ба сифати беҳтарин таблиғгарони ҷомеаи пешқадам якҷо бо омӯзгорону адибон ва дигар гурӯҳҳои равшанфикрон дар маҳалҳо садди роҳи ҳар гуна ақидаҳои тундравона гардида, зиракӣ ва ҷуръатро аз даст надиҳанд. Дар баробари ин, ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд.

*******

Мо бояд ойини мадоро ва таҳаммулгароиро, ки дар фарҳангу мафкураи халқамон асрҳо боз идома меёбад, риоя намоем. Вобаста ба ин, аз тамоми зиёиён ва умуман аҳли эҷод даъват менамоем, ки арзиши таҳаммулгароиро бештар густариш бахшида, мардумро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват кунанд. Ин кор қарзи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз, бахусус зиёиёни кишвар мебошад. Бори дигар зиёиёни кишварамонро ҳушдор медиҳам, ки фикри ояндаи миллат ва Ватани маҳбубамонро ҳаргиз аз зеҳни худ дур насозанд, ғояҳои истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона таблиғ намоянд.

*******

Муроҷиат ба таърих ва адабиёти халқамон ба он мақсад аст, ки мо бояд ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ дода, зарурати таҳкими ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа мунтазам талқин намоем. Мероси таърихиву адабии гузаштагонамон ба бисёре аз саволҳое, ки ҳар рӯз мо ба онҳо рӯ ба рӯ мешавем, посухи сазовор медиҳад. Аз ин рӯ, дар даврони давлатсозии миллӣ мо бояд гаштаву баргашта, ба таҷрибаи таърихии халқамон, аз ҷумла осори таърихиву адабии гузаштагонамон муроҷиат намоем ва аз ин мероси гаронбаҳо самаранок истифода кунем. Зеро эътиқодмандӣ ва эътимод ба таърих ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад.

 

                            ОИЛА НИҲОДИ УСТУВОРИ ҶОМЕАИ МОСТ

Модарон  меҳрафзо  ва  машъали тобон,  бонувон  хонахудои  дудмон, занон  идоматбахши  наслу  авлод  ва духтарон  зи  ҷон  маҳбубтари  ҳар як хонадон ба шумор мераванд.  Номи зан — модар муқаддасу гиромист.

*******

Бонувон  бо  меҳри  модаронаашон  ба тарбияи  фарзандон  ва  уствор  намудани хонадон  машғул  гардида,  таҳкими  оила  ва баланд  бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мепиндоранд ва бо отифият, самимият, лутфу  муҳаббат  ва  садоқату  шарифияти худ номи зан  –  модарро  муқаддас  ва гиромӣ медоранд.

*******

Модарон бо насими файзи рўзгорашон боғи  маърифати моро аз навниҳолони  фарҳангдўсту адабпарвар   ғанӣ  гардонида, фарзандони солим, нури дидагони солеҳ ва ояндагони  сертолеъро  дар ҷамъияти мо ба воя расонида истодаанд. Бо сиришти поки инсонӣ, фазилати накугавҳарӣ занон фарҳанги ҷомеаи моро пеш бурда, дар он тухми ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву устувор ва ҷовидонаву давомдор нигаҳ медоранд.

*******

Занон дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани  фарҳанги хонаводагӣ ҳиссаи муносиб мегузоранд ва ба ин восита мақоми  зан-модарро, ки пешбарандаи ҷамъият, нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишот  дар кишварамон мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд.

Оила дар фарҳанги мардуми сарбаланди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас  эҳтирому эътироф шуда, дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили  муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ташаккул меёбад.

*******

Занони бо нангу номус дар оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро  ҳифз намуданд ва ба муқобили ноадолатиҳои ҷомеа мисли гурдофаридҳо  ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат ва ваҳдати миллӣ ҳиссаи хешро  гузошта, дар мубориза бар зидди афроди тундрав,хурофотпараст ва шахсони  дорои ақидаҳои нопок аз худ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд ва номуси  ватандориро баробари иффати  хеш муқаддасу муқаддир ҳифз намуданд.

*******

Оила ниҳоди устуворе мебошад, ки дар он марду зан шарики ҳаётӣ гардида,  умр ба сар мебаранд ва насл ба дунё меоранд. Ин ниҳод бояд ҳамаҷониба  сихатманд  бошад ва тифли солимро ҳаст намуда, ба ин восита бақои миллатро устувор гардонад. Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ  ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти бештар диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда,  боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.

*******

Аз хиёнат ба Ватан ва  падару модар гуноҳи азиму бузургтаре нест. Аз ин рў ба падару модарон, аҳли ҷомеа муроҷиат менамоям, ки дар тарбияи фарзандон сайъу талош намоед, онҳоро беназорат намонед,  барои  таҳсили онҳо монеа эҷод накунед ва хамеша пеши ҳар гуна амалҳои нодурусти онҳоро гирифта, фарзандони лоиқи давронро тарбия намоед.

Модарон ҳамчун чароғи хонавода барои тарбияи фарзанд масъул мебошанд ва танҳо бо меҳру муҳаббат, сухани нарму беолоиш ва пиндори шоистаи  модарон фарзандон дуруст ба камол расида, обрӯи оиларо дар миёни хешу  табор, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардоранд.

*******

Модарони азиз, ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ диҳед, онҳоро  дуруст ба воя расонед, маърифати хонадориро ба ҳар кадомашон хуб  таълим диҳед, фарҳангу одоби пешқадамро ба онҳо омӯзонед, то онҳо  беҳтарин ворисони шумо гардида, мамлакати моро боз ҳам бо ақлу  маърифат,ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд. Назорати фарзанд беҳтарин навъи тарбия аст. Мо бояд фарзандонро дар дохил ва хориҷи кишвар зери назорати қатъӣ  қарор диҳем, онҳоро нагузорем, ки аз ин роҳ фирефтаи молу чиз шаванд, ба  гуруҳҳои ифротиву тундрав ҳамроҳ гарданд ва ба Ватани худ хиёнат кунанд  ва одамкушу қотил ном бароранд.

*******

Духтар тамоми фазилатҳои зиндагӣ, аз ҷумла ҳаёву одоб, тарзи рӯзгордорӣ,  ҳунари пухтупаз ва дигар заруратҳои ҳаётиро аз модари худ ёд мегирад. Инчунин ҳурмату эҳтиром намудани шавҳар ба сифати сарвари оила ва  ҳамчун сутуни хонадон нигоҳубину эҳтиёт кардани ӯро ба духтари худ танҳо модар меомӯзонад.Як ҳикмати бисёр соддаву зебо ва воқеан ҳаётӣ:  Модар чигуна,фарзанд намуна

*******

Агар  фарзандон пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаранд, бо ин амали худ  барои бунёди оилаи хушбахт ва ба дунё омадани кӯдакони солим, ки меваи  умри одамӣ мебошанд, замина мегузоранд. Аз никоҳи хешовандони наздик нуқсҳои модарзодии дил, бемории асаб ва як  қатор бемориҳои ирсӣ  зиёд шуда истодаанд.  Яке аз саҳобагони Пайғамбари ислом ривоят овардааст, ки  “ба  хешу ақрабои худ издивоҷ накунед, вагарна фарзандони  шумо лоғар ба дунё меоянд”. Унсурмаолии Кайковус менависад, ки “зан аз қабилаи дигар  интихоб намо, то бегонагонро хеш карда бошӣ, ки ақрабои ту аҳли ту бошанд”.

*******

Дар изҳороти уламои Донишгоҳи ал-Азҳар омадааст: “Ба шарике издивоҷ  кунед, ки дорои бемориҳои меросӣ набошад ва аз издивоҷ бо хешу ақрабои худ худдорӣ намоед”. Вазифаи муқаддас ва  аввалиндараҷаи падару модарон, омӯзгорон, табибон, оилаҳои пешқадам,занҳои бомаърифат ва уламои дин,пеш аз ҳама, ба шарҳи  масъалаи никохи хешутабории наздик бояд равона карда шавад, то мо  тавонем фарзандони хешро ба зиндагии мустақилона омода карда, дар оянда хушбахтии онҳоро бинем, на ин ки аз дарди ҷонкоҳи ҳаёти пажмурдаи онҳо як умр азоб кашем.

*******

Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору  гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин  тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи  ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда,  мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд. Мо бояд огоҳу ҳушёр бошем…

*******

 Модаронро зарур аст, ки аз синни тифлӣ сар карда,ба тарбияи кӯдакон  диққати махсус диҳанд ва барои саодатманду соҳибмаърифат гардидани онҳо сайю талош намоянд.  Зан-модар посдори забони миллӣ низ мебошад. Беҳуда халқ забони давлатиро  забони модарӣ намегӯяд. Ин ҳақиқатест, ки кӯдакон онро аз синни хурдӣ  шунида, бо ҳамин забон фозилу донишманд ва сухангӯву машҳур мегарданд.

*******

Завқи фарзандонро ба азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва омӯзиши  забонҳои хориҷӣ бедор карда, барои онҳо шароит муҳайё созед,то  фарзандони шумо забондону соҳибихтисос ва шоистаи даврон гарданд. Ҷавонмардони миллат, хотир-расон месозам, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳмати ӯ расед, модарону занони худро самимона дӯст доред, доим пуштибони онҳо бошед ва коре кунед, ки модарону занони тоҷик на  ашки ғаму ғусса,балки фақат ашки шодӣ резанд.

*******

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар,балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ,сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи  ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад. Истиқлолияти  давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар  ҷомеа ҳамаи имкониятҳои заруриро фароҳам овард ва занони қавииродаву  боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.

*******

Халқи  Тоҷикистон роҳи барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифт, ки ин дар Қонуни Асосӣ сабт гардидааст. Имрӯз ҳар як сокини ҷумхурӣ аз он ифтихор дорад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби беш аз 150  давлати сайёра ба расмият шинохта шуд, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид.

*******

Бебаҳотарин сарвати Тоҷикистон ин нерӯхои зеҳнии ақлӣ, яъне аҳли зиё, аҳли маърифату эҷодаш аст, ки чун ворисони арзандаи аҷдодонамон дар рушди тамаддуни башарӣ саҳм мегиранд.   Бо вуҷуди сахтию маҳрумиятҳо ва мушкилоти сарнавишт мо тавонистем ин нерӯи созандаро чун як пояи устувори истиқлолиятамон ҳифз кунем ва парасторӣ намоем.

*******

Имрӯз ҳам тоҷику тоҷикистонӣ дар ҳамон ҳолат тинҷу осуда ва сарбаланд зиста метавонад, ки истиқлолияти ҷумҳурӣ ва шарафи миллатро ҳифз намояд, анъанаҳои неки башардӯстонаи аҷдодонро идома диҳад. Ва ҳамагон бояд фахр кунем, ки мардуми тоҷикро оинаи таърих ҳамеша бо хислатҳои нек, фазлу дурандешӣ, хайрхоҳӣ ва тарғибгари дӯстиву рафоқат нишон додааст.

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амони гуфтугӯ дорем мо!

 

 «ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ»

Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем.

*******

Таърих дӯсти ҳақиқатгӯст ва саҳифаҳои пурифтихори онро ботаҳммул бояд омӯхт. Ва ба хусус дар ин марҳилаи хеле ҳассоси сарнавиштсози таърихӣ, ки тақдир давлату истиқлолро насиби миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон гардонидааст, лозим аст, ки мо ба оинаи таърихамон аз ҳар ҷиҳат амиқ назар афканем. Ин барои худшиносии ҷомеа дар ин айёми мураккаб, пурмоҷаро ва ихтилофи назарҳо хеле зарур аст. Танҳо оинаи таърих, басо нозуку комил омӯхтани даврони гуногуни давлатдории аҷдодон чашми худшиносии моро мекушояд ва пайванди моро бо гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбуди ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд.

*******

Таърих гувох аст, ки ҷараёни ташаккулёбии халқи тоҷик аз шебу фарозҳо, гирудорҳо ҷоннисориҳо дар канор набудааст. Пеш аз он, ки номи миллат ва забон таҳаввулоти таърихиро аз сар гузаронида, ташаккул ёбад, тоҷикон тӯли асрҳо барои истиқлолият ва ҳувияти худ бо аҷнабиён муборизаҳои дуру дарози мазҳабию фарҳангӣ бурдаанд.

Тоҷикон халқи ориёинасл буда, аз қадимулайём сокинони аслии Осиёи Марказӣ мебошанд. Ва таърихи онҳо ба таърихи кулли мардумони эронинажод пайванди ногусастанӣ ва решаи қавӣ дорад. Ин таърих хеле пурпечутоб буда, тобишу паҳлӯҳои гуногуни он ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст. Аммо як нуқта маълум аст: саропои ин таърих аз хуни фарзандони озодипараст, ватандӯст ва ғаюру маърифатпарвараш гулгун аст. Ин миллати ҷонсахт, ки дар ҳеҷ давру замоне барои ғасбу тороҷи давлате, сарзамине шамшер накашидааст, гоҳе ба ҳукми беадолатии таърих зери хокистари ҷаҳолат мемонд, лекин гумному нопадид нашуда, чун шоҳини дурпарвоз боз бол мекушод.

*******

Миллати мо дар ҳама давру замон фазлу хирад, озодманишӣ, донишандӯзӣ, сарбаландӣ ва зиндагии поку беолоишро пеша карда, чун кӯҳсоронаш асоратнописанд буда, мисли арча дар дили санг реша давонда, умри ҷовидон ёфтааст. Байти шоир, ки аз номи халқу миллаташ хитобан гуфта шудааст, баёнгари ҳамин фикр аст:

Ҷавшани ман дафтар асту ханҷари ман хомааст,

Ман намемирам, ба номам ҷовидонӣ нома аст.

*******

Дар қарнҳои гуногун дар асари тохтутози аҷнабиён мардуми шаҳрҳои овозадори тоҷик борҳо аз дами шамшер гузашта, марказҳояш ончунон хароб карда шудаанд, ки ба нигориши муаррихон « дар он шаҳрҳо ғайр аз гурбаву саг ҷондоре ба чашм намерасидаст». Махсусан дар аҳди истилои араб Бухорои Шариф ба ин аҳвол гирифтор шуд. Албатта, талх аст ба ёд овардани шикасту таназзули давлату миллат.

Лекин аз рӯйдодҳои воқеии таърихӣ низ чашм пӯшида наметавонем. Бояд онҳоро биомӯзем, бидонем, ба фарзандон фаҳмонем, то ки аз гузашта ибрат бигиранд.

*******

Рӯ овардан ба таърих ва омӯзиши он маҳз барои худогоҳӣ, бедорӣ ва ҳушёрии миллати мо басо ногузир аст. Ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ вақте баҷову шоиста аст, ки онро донӣ, дарк кунӣ ва аз бурду бохташ огоҳ бошӣ. Вагарна ифтихорат пучу бепоя аст ва ба ҷуз саргарангиву гумроҳӣ ҳосиле нахоҳад дошт.

*******

Устод Садриддин Айнӣ фармудаанд, ки калимаи «тоҷик» ба сифати номи як халқи форсизабон, сараввал нисбат ба мардуми форсизабони Осиёи Марказӣ ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он ба ҳама форсизабонони рӯи дунё ба кор бурда шудааст.

Маъмулан калимаи «тоҷик» ҳамрадиф ва ҳаммаънои «ориёӣ», яъне наҷибзодагон будааст. Ба забони имрӯзаи тоҷикӣ маънои калимаи «тоҷик» мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи тоҷик ба ҷои номи этникии ориёӣ омадааст.

*******

Ҳамчун номи тоҷик забони тоҷик ҳам таърихи ғанӣ ва рангин дорад ва барои муҳофизати қаламрави ҳастии худ бо забонҳои бегона ҳамеша дар набард будааст. Дар замони истилои араб тозиён басо кӯшиданд, ки забони дариро аз байн бубаранд. Ғосибони араб ба ин хотир матнҳои авестоӣ ва маъбадҳоро несту нобуд ва забони паҳлавиро буғӣ карданд. Онҳо хона ба хона, деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр гашта, тоҷикони бомаърифатро сар буриданд ва бо зарби шамшер оини худро ҷорӣ намуданд. Осори хаттии сосонӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, дарӣ ва суғдиро оташ зада, хирадмандони тоҷикро қатли ом ва овораву саргардони мулкҳои бегона карданд.

*******

Аз беху бун нест кардани фарҳанги як миллат, бахусус забони вай хоси ҷаҳолати истилогарон аст. Аҷнабиёни истилогар маҳз ба ҳамин восита ба мақсадҳои дуни худ расида метавонистанд. Зеро забон – барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст. Тоҷикон дар роҳи озодӣ ва ҳифзи сарзамини аҷдодии худ басо ҷоннисориву фидокориҳо карда, хушбахтона дар замони Сомониён давлати фарохдомане бунёд карданд ва забону фарҳанги суннатии худро эҳё намуданд.

*******

Забони форсии дарӣ мақоми худро аз нав пайдо карда, дар даврони оли Сомон хамирмояи офаридаҳои бузурги илмиву адабӣ гардид. Воқеан давраи эҳёи маданият, фарҳанг, рушди илму адабиёт шукӯҳу иқтидори давлати тоҷикон ба аҳди Сомониён, хусусан Шоҳ Исмоили Сомонӣ марбут аст. Ин давронро метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори тамаддуни миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ ташаккули шахсиятҳои баруманд номид. Нерӯи ақлу заковат ва созандагиву эҷодкорӣ маҳз дар ҳамин даврон ба авҷи аъло расид. Беҳтарин фарзандони хирадманду соҳибҳунари миллат дар дарбори Сомониён гирд омаданд ва бо шаҳкориҳои худ пойдевори тиллоии илму фарҳангро гузоштанд.

*******

Имрӯз на танҳо халқи тоҷик, балки кулли форсизабонони олам ва гаравидагони ин маданияту фарҳанг бо номи устод Рӯдакӣ, Шайхурраис Ибни Сино, Фирдавсӣ, вазири хирадманд Балъамӣ ва даҳҳо бузургони дигар, ки дар заминаи мактаби онҳо зуҳур намудаанд, ифтихор мекунанд. Фарзандони оқилу хирадпешаи миллат маҳз дар ҳамин айём бо офаринишҳои маънавии худ сарчашмае сохтанд, ки асрҳо боз оби зулоли он насл ба насли инсониятро шодоб месозад.

*******

Саҳми фарзандони донишманди миллати мо дар равнақи тамаддуни олам низ назаррас аст. Дар китоби илму адаби дунё номҳои Одамушшуаро устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҷалолиддин Балхӣ, Носири Хусрав ва дигарон бо хатти тиллоӣ ҷовидона сабт шудаанд. Илмҳои ситорашиносӣ, ҳандаса, кимиё, табиатшиносӣ, фалсафаву илоҳиёт ва кашфиётҳои беназири тибро бе шоҳкориҳои Ибни Сино, Умари Хайём, Ал-Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Имом Тирмизӣ, Закариёи Розӣ, Форобӣ ва бисёр дигар фарзандони баруманди халки мо тасаввур намекунанд. Номҳои ин нобиғаҳои илму адаб асрҳо боз дар радифи бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳон ҷилва мекунанд.

*******

Халқи тоҷик маҳз аз ҳамин даврони шукӯҳу шуҳрати давлатдории Сомониён шиори ҷустани дӯст ва бародарро дар гӯши худ ҳалқа сохт ва тамоми умр пайрави фармудаи устод Рӯдакӣ гардид:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

 

*******

Харчанд ки дар тӯли таърих миллати мо бо бераҳмтарин душманон дучор омад, таҳқиру ғорат, разолату харобкориро дид, тоҷик ин шиори худро дигар накард. Маърифату тарбияи зотии халқи қадимаи мо чунин аст. Ҳамеша ба инсон бо чашми нек менигарад ва аз ӯ хислатҳои ҳамидаи инсониро меҷӯяд. Ва дар ин кори хайр гоҳе комёб, гоҳе ноком низ будааст, гоҳе аҷнабиён хона, шаҳр ва деҳу замини ӯро билкул ғасб кардаанд ва тоҷик овораву сарсон дар кӯҳу биёбон гашт, аммо дар ҳама ҳолат шарафу номуси миллии худро аз даст надод…

*******

Вақте ки туркон дар асри XI давлати пуриқтидори тоҷиконро аз байн бурданд, дар фаъолияти худ тарзи давлатдорӣ, урфу одат, сару либос ва забони тоҷикиро пазируфтанд. Ва минбаъд дар Осиёи Марказӣ сохти давлатдории онҳо тақрибан ба сабки Сомониён идома ёфт.

Ҷаҳолат ва ваҳшонияти Чингиз ба ҷое расид, ки амр намуд: «Тоҷикеро, ки ба дасти эшон гирифтор гардид, зинда нагузоранд». Халқи мо ин саҳнаҳои мудҳишу хунинро бояд чун пандномаи таърих дар ёд дошта бошад ва пеши худ хулоса барорад. Ҳоло дар ҷаҳон кишваре ё мамлакатеро наметавон пайдо кард, ки дар он танҳо як халқ ва як миллат кору зиндагонӣ кунад. Дар дохили давлатҳои мутараққӣ халқияту миллатҳои хурду бузург умр ба сар мебаранд ва ҳамаи онҳо он қаламравро ватани хеш меҳисобанд.

*******

Солҳои 1924 – 1926 дар саҳифаи матбуот доир ба таъриху тамаддун ва забону адабиёти тоҷик мақолаҳои зиёд нашр гардиданд, ки ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти таърихии халқи тоҷик ва ҷоннисориҳои рӯшанфикрони онро баҳри ҳифзи манофеи миллӣ инъикос мекарданд.

Дар ин вазъияти таърихӣ ба майдони мубориза устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид гардид. Ӯ тавассути таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик», мақолаҳои илмӣ ва асарҳои барҷастаи мустанад бар алайҳи идеологияи бадхоҳон дар роҳи бедориву худшиносии миллати тоҷик хидматҳои барҷаста кард.

*******

Устод Айнӣ дар офаридаҳои хеш бисёр масъалаҳои ҳаёти таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабии халқи тоҷикро ба миён мегузорад ва бо мӯшикофиҳои хирадмандона таъриху тамаддуни қадима доштани тоҷиконро исбот месозад. Ӯ таъкид менамояд: «Дар Осиёи Миёна, хусусан, дар хоки Бухоро ва Туркистон ба будани як қавми бузурге бо номи тоҷик бояд касе инкор надошта бошад.

Соҳиби маданияти кӯҳан ва адабиёти кӯҳансол будани ин қавм низ ҷои инкор нест».

*******

Оташи ҷангӣ бародаркуш забона кашид, ки бештари ноҳияҳои гирду атрофи марказро фаро гирифт. Дар натиҷа садҳо биноҳои маъмурию иқомати, дабистону кӯдакистонҳо ва деҳаҳои бутун валангор шуданд. Ғоратгари ва талаву тороҷ авҷ гирифт. Маҳсули меҳнати солҳо ҷамъовардаи мардум ба яғмо рафт. Зарари моддии ба ҷумхури расондаи ҷанг бештар аз ҳафт миллиард доллари амрикоиро ташкил дод…

Мардуми ватандорро ғарибу беватан кард, ҳазорон кӯдакону наврасонро ба олами ятимиву бенавоӣ ҳавола дод,ба шарафу нангу номуси халқу миллат ва саҳифаҳои таърихӣ чандинасраи безаволаш доғи нанг гузошт. Вале нерӯи хираду заковати халқ окибат боло гирифт. Сулх ба хонаву дари мо ворид гашт.

*******

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки мохи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт. Боиси таассуф аст, ки ҳукумати конуни ба ивази хуни ҳазорҳо фарзандони ватан ба даст омад. Иҷлосияи номбурда инчунин Раёсатӣ нави Шӯрои Олиро интихоб намуд. Мақсаду вазифаи аввалиндараҷа ва барои Тоҷикистону тоҷикистониён тақдирсозӣ ҳукумати навташкил қатъ гардонидани хунрезии байни бародарон буд. Хурсандибахш аст, ки ин мақсад дар муддати кӯтоҳ то андозае амалӣ гашт ва оташи ҷанги хонумонсӯз хомӯш карда шуд.

*******

Халқи Тоҷикистон роҳи барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифт, ки ин дар Қонуни Асосӣ сабт гардидааст. Имрӯз ҳар як сокини ҷумхурӣ аз он ифтихор дорад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби 150 давлати сайёра ба расмият шинохта шуд, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид.

*******

Ман фикр мекунам , ки бебаҳотарин сарвати Тоҷикистон ин нерӯхои зеҳнии ақлӣ, яъне аҳли зиё, аҳли маърифату эҷодаш аст, ки чун ворисони арзандаи аҷдодонамон дар рушди тамаддуни башарӣ саҳм мегиранд. Бо вуҷуди сахтию маҳрумиятҳо ва мушкилоти сарнавишт мо тавонистем ин нерӯи созандаро чун як пояи устувори истиқлолиятамон ҳифз кунем ва парасторӣ намоем.

*******

Имрӯз ҳам тоҷику тоҷикистонӣ дар ҳамон ҳолат тинҷу осуда ва сарбаланд зиста метавонад, ки истиқлолияти ҷумҳурӣ ва шарафи миллатро ҳифз намояд, анъанаҳои неки башардӯстонаи аҷдодонро идома диҳад. Ва ҳамагон бояд фахр кунем, ки мардуми тоҷикро оинаи таърих ҳамеша бо хислатҳои нек, фазлу дурандешӣ, хайрхоҳӣ ва тарғибгари дӯстиву рафоқат нишон додааст.

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амони гуфтугӯ дорем мо!

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Май 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Апр    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Шарикони мо


———————————————————

———————————————————-

———————————————————-