Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар шаҳри Душанбе оид ба омодасозии мутахассисон дар соҳаи тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш баррасии таҷрибаи амалӣ дар омӯзиши мутахассисони тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ дар нигоҳубини аввалин дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, муаррифии таҷрибаҳои давлатҳои минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, беҳтар кардани сифати нигоҳубини аввалини тиббӣ, арзёбии ниёзҳои мамлакатҳо ва банақшагирии амалҳои минбаъда бо назардошти тавсияҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Иброз гардид, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ зич ҳамкорӣ мекунад, то уҳдадориҳои сиёсиро барои ҳалли масъалаҳои қувваи кории тиббӣ, аз ҷумла тавассути ташаббусҳои зерминтақавӣ, ба монанди Роҳнамоҳои стратегӣ барои ҳамширагӣ ва момодоягӣ ва Арзёбии тибби оилавӣ дар Осиёи Марказӣ тақвият диҳанд.
Таъкид гардид, ки тақвияти тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ дар нигоҳубини аввалини тиббӣ метавонад ба коҳиш додани беморшавӣ ва фавт дар Осиёи Марказӣ саҳми назаррас гузорад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад






