Иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об
Душанбе, 20-21 августи 2013
Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 67/204, ки муаллифаш кишвари мост, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд.
Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Илова ба ин, соли 2013 ва боз бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлоси 67-уми худ дар чаҳорчӯби банди 20-уми рӯзнома («Рушди устувор») қатъномаеро (67/204) таҳти унвони “Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар маҷмӯъ 48 кишвар, ки минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд (Австралия, Арманистон, Афғонистон, Африкаи Ҷанубӣ, Баҳрайн, Бангладеш, Беларус, Бенин, Ветнам, Гайана, Гурҷистон, Ҷумҳурии Доминикан, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Коста-Рика, Ҷумҳурии Корея, Кувайт, Люксембург, Маврикий, Мағриб, Маҷористон, Мексика, Молдова, Монтенегро, Муғулистон, Науру, Непал, Покистон, Папуа-Гвинеяи Нав, Федератсияи Русия, Сербия, Суринам, Таиланд, Тимор-Лешти, Туркманистон, Украина, Фиҷи, Финляндия, Ҳиндустон, Чин, Ҳондурас, Шри-Ланка, Эритрея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ямайка ва Япония), ба рӯйхати бониёни қатъномаи мо пайваст шуданд.
Қатъномаи мо дар қатори (1) Муколамаи интерактивии сатҳи баланди Маҷмаи Умумӣ ва (2) Ҳамоиши расмӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ бахшида ба мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки мутаносибан дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ва Гаага 22 марти 2013 барпо гардиданд, баргузории (3) Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро дар Душанбе 20-21 августи 2013 пешбинӣ намуда буд. Дар Муколамаи интерактивии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об Сарвазири кишвари мо иштирок намуд. Баргузоркунандагони Конфронси Душанбе Ҳукумати Тоҷикистон ва СММ буд.
Ҳадафи баргузории Конфронси Душанбе мусоидат ба беҳбуди ҳамкорӣ дар соҳаи об, аз ҷумла ҳамкории фаромарзӣ, аз тариқи таблиғи таҷрибаҳои беҳтарин, иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдор, ташвиқ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар тамоми сатҳҳо барои мусоидат ба ноил шудан ба ҳадафҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об ҳамоҳанг шудаанд, мебошад. Конфронси мазкур имкон дод, ки раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола (2005-2015) дар мавриди захираҳои обӣ ва тавсияҳову пешниҳодҳо бобати тарҳрезии Ҳадафҳои рушди устувор (SDGs) барои давраи рушди пас аз соли 2015 муҳокима ва баррасӣ гарданд.
Мувофиқи барнома, Конфронс аз ду ҷаласаи умумии сатҳи баланд ва чаҳор мизи мудаввар дар мавзӯъҳои асосии зерин иборат буд:
1) Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои рушди инсонӣ;
2) Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои манфиатҳои иқтисодӣ;
3) Ҳамкорӣ дар соҳаи об барои экосистемаҳо;
4) Ҳамкорӣ дар соҳаи оби фаромарзӣ.
Гузашта аз ин, тибқи барномаи Конфронс масъалаҳои ба истилоҳ бурранда(“cross-cutting issues”)доир гардиданд, аз қабили:
Ҳамкорӣ дар соҳаи об ва масъалаҳои гендерӣ;
Ҳамкорӣ дар соҳаи об ва зарфиятсозӣ;
Ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҳамнерӯсозии бахшҳо;
Ангезаву омилҳои барқарорсозии ҳамкорӣ дар соҳаи об
Инчунин, дар ҳошияи Конфронс баргузории ҷаласаҳои канорӣ(side-events)дар мавзӯҳои гуногуни марбут ба об ванамоишгоҳи “Об моро муттаҳид мекунад” низ доир гардиданд.
Ба Конфронс ҳайатҳои ҳамаи кишварҳои аъзои СММ, мақомоти роҳбарии СММ ва ниҳодҳои он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои ҳавзавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, олимон ва мутахассисон, намояндагони расонаҳои гурӯҳӣ ва ғайра даъват шудаанд.
Иштироккунандагони Конфронс авлавиятҳои асосиро дар мавриди ҳамкорӣ бобати ҳалли масъалаҳои обӣ муайян карда, тавсияҳоро дар бораи равишу афзорҳои муассири истифодаи захираҳои обии дарёву кӯлҳои фаромарзӣ, инчунин пайванди мутақобили ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар мавриди захираҳои обӣ таҳия намуданд. Дар натиҷаи муҳокимаҳои интерактивӣ ва мубодилаи афкор як қатор санадҳои ниҳоии Конфронс қабул гардиданд. Аз ҷумла:
Эъломияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об;
Барномаи амали Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об
Натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об.
Дар баробари ин, 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмаи Умумии СММ қатънома таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ дар Кумитаи дуюми МУ СММ пешбарй шуда буд, тасдиқ гардид.