Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати мамлакат барои иштирок дар мусобиқаи мазкур аз 24 нафар, аз ҷумла 13 варзишгар, 5 мураббӣ ва 6 намояндаи расмӣ иборат мебошад. Варзишгарони тоҷик дар шаш намуди варзиш барои ҳимояи шарафи варзишии Тоҷикистон ва ба даст овардани натиҷаҳои арзанда талош хоҳанд кард.
Бо мақсади таъмини иштироки сазовори даста корҳои зарурии ташкиливу омодагӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои аккредитатсияи ҳайат, тасдиқи иштироки варзишгарон аз ҷониби федератсияҳои байналмилалӣ, мутобиқат ба талаботи тахассусӣ ва квотаҳои муқарраргардида ҳал карда шуданд.
Ҳамзамон барои ҷойгиркунӣ ва таъмини хӯроки иштирокчиён дар меҳмонхонаҳои пешбинишудаи шаҳри Нагояи Ҷопон шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Ҳама иштирокчиёни интихобшуда бо чиптаҳои ҳавопаймо, кортҳои аккредитатсионӣ, либоси ягонаи варзишӣ, либоси расмӣ ва лавозимоти зарурӣ таъмин шудаанд.
Сафарбарии ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2026 оғоз гардида, то нимаи дуюми моҳи октябр идома меёбад.
АКС: Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон










Состоялась церемония проводов сборной команды Таджикистана на V Паразиатские игры
В Душанбе обсудили ограниченные адаптационные возможности и финансирование климатических мероприятий
Музей Победы в Москве собирает истории жителей Таджикистана, внесших вклад в Победу
Таджикистан ратифицировал два соглашения с ЕФСР
План призыва молодёжи на службу в армию в Худжанде выполнен на 100 процентов
Оман и Евразийский банк развития подписали Соглашение об условиях пребывания
Район Шохмансур города Душанбе на 100 процентов выполнил план осеннего призыва на военную службу
Число случаев кори в США достигло максимума с 1991 года
Связисты готовятся к холодам
О ПОГОДЕ: сегодня в Душанбе переменная облачность, без осадков
Деятельность совместного предприятия «Зарафшон» направлена на развитие промышленности
Шанхай обновляет старые кварталы, создавая современные условия для каждой семьи






