Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд

Октябрь 22, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисон дар соҳаи саноат  тақвият медиҳанд, иттилоъ  медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин ва дигар масъалаҳои марбут  ба баланд бардоштани тахассуси кадрҳо, табодули таҷриба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории дуҷониба дар мулоқоти  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ноиби президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Танака Хиро дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба имконияти густариши ҳамкорӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат, такмили донишу малакаи касбии онҳо ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Ҷопон дар рушди соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар анҷом ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими робитаҳои минбаъда дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори омодагӣ намуданд.

         АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 22, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд