Оғози корҳои навсозии шоҳроҳи Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов
Душанбе, 24.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ оғоз бахшид.
Маблағи умумии корҳои таъмиру сохтмон дар марҳилаи аввали «лоиҳаи таҷдиди қитъаҳои роҳи мошингарди Хуҷанд-Исфара» 45 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад.
Аз ин маблағ 38 миллиону 250 ҳазор доллар қарз ва 6 миллиону 70 ҳазори дигар бошад, гранти Бонки умумиҷаҳонӣ мебошад.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ширкати чинии “Чайна рейлвей групп корпорейшн” мебошад.
Роҳ аз шаш қитъа иборат буда, дарозии умумии он 68 километр ва паҳноияш 12, дар баъзе ҷойҳо то ба 22 метр мерасад.
Муҳлати анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ ду сол муайян шудааст.
Ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон итилоъ доданд, ки дар баробари таъмиру барқарорсозӣ, ҳамзамон роҳ дар қитъаҳои аҳолинишин чароғон карда мешавад.
Дар рафти корҳо 80 дарсади кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ интихоб мегарданд, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳсозон ба корҳои босифат ҳидоят карда, таъкид намуд, ки дар рафти таҷдиду барқарорсозии роҳ ва дигар тадбирҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ин роҳ бояд солҳои тулонӣ хизмат кунад.












Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






