Пешвои миллат Кохи афсарони Вазорати мудофиаро ифтитоҳ намуд

Май 5, 2016 11:42

Душанбе, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои боҳашамати Кохи афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.

Зимни шиносоӣ бо бинои наву замонавии Кохи афсарон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бино соли 2012 оғоз гардида буд. Иншооти мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин бо харҷи 19 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои кӯмаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи як ширкати сохтмонии ҳамин кишвар бунёд шудааст.

Бино аз панҷ ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он асосан толори васеи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, утоқҳои маҳси бадан ва дигар нуқтаҳои фароғатӣ ҷойгир аст.

Дар қабати якуми бинои Кохи афсарон ошхонаи кушоду барҳавои муосир, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн, мағозаи тиҷоратӣ, нуқтаи назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва барои табобату расонидани ёрии аввалини тиббӣ як нуқтаи махсус бо тамоми шароит ба истифода дода шудааст.

Барои истироҳату фароғати афсарон ва меҳмонон ошхона ва меҳмонхонаи чинӣ бо 20 ҳуҷраи истиқоматӣ барои 40 нафар меҳмон дар ошёнаҳои дуюму сеюм, маҷлисгоҳ барои баргузории ҷаласаҳои гуногун, китобхонаҳои электронӣ ва утоқҳои алоҳидаи китобхонӣ мавҷуд аст.

Дар ошёнаҳои чоруму панҷуми бинои Кохи афсарон бошад, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, толор барои гузаронидани конфронсҳои матбуотӣ ва дигар марказҳои фароғатӣ сохта шудааст. Дар маҷмуъ дар баробари дигар марказҳои хизматрасонию истироҳатӣ, инчунин дар ин бино 68 ҳуҷраи истиқоматӣ бо шароити лозима мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фаъолияту хизматрасонии Кохи афсарон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои пешрафти кор аз ин имкониятҳои муҳайёкардаи ҳукумати мамлакат самаранок истифода баранд.

Барои хизматрасонии сатҳи баланд дар Кохи афсарон 70 нафар занону бонувон ва мардони соҳибмаълумоту бомаҳорат ва донандагони забонҳои хориҷӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Баъди шиносоии пурра бо Кохи афсарон дар толори маҷлисгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди афсарону дигар кормандони Вазорати мудофиаи кишвар сӯҳбати самимӣ доир кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо ифтитоҳи бинои истиқоматӣ ва маҷмааи Кохи афсарон табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи бунёди артиши миллии кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ҳамаи пешравиҳои нерӯҳои мудофиавии кишвар бо шарофати соҳибистиқлолӣ насиби мардуми шарафманди тоҷик гардидааст. Таъкид шуд, ки имрӯзҳо роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои боло бурдани нуфузи ин ниҳод ва тарбияи насли ватандӯст тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат афсарони сохторҳои гуногуни Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баромад карда, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусҳои созанда баҳри боло бурдани обру ва нуфузи Артиши миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон, таъмини беҳтарин шароити моддию техникӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, инчунин дигар ғамхориҳои Сарвари давлат дар ҳаққи хизматчиёнӣ низомӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Онҳо дар ҷавоб ваъда доданд, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан содиқона хизмат мекунанд.

Май 5, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ИСЕСКО Салим ал-Моликро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи СҲШ оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ Шэн Юэюэро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо