Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Февраль 7, 2026 11:45

ДУШАНБЕ, 07.02.2026/АМИТ «Ховар»/. 7 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори амали террористии  интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Исломобод, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид, ба Президент ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам  Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

Дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам.

Тоҷикистон ин амали террористии золимона ва чун ҳамеша ҳама гуна зуҳуроти терроризмро шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид менамояд».

Февраль 7, 2026 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон