Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов

Октябрь 24, 2016 14:20

Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба иштироки муштарак дар таъмини амнияту субот дар қаламрави Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақа, инчунин тақвияти иқтидору имкониятҳои нерӯҳои марзбонӣ табодули афкор намуданд.

Доир ба ҳамдастии муштарак дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимати густурда ба муқобили гурӯҳои муташаккили ҷиноӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён шуда зарурати таҳкими равобити дуҷониба барои таъмини сартосарии амнияти миллӣ ва густариши ҳамкории байни хадамотҳои махсуси амниятии Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид гардид.

30532569265_9716eb2cfb_k 30445408451_9c8ce5e7f3_k

Октябрь 24, 2016 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюйро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финляндия Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму ва Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминиро ба ҳузур пазируфтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон