Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финляндия Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд

Апрель 29, 2025 11:58

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финляндия хонум Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки Тоҷикистон Созмонро ҳамчун ниҳоди муҳим барои муколамаи созанда дар доираи ҳар се ченак — низомиву сиёсӣ, иқтисодиву муҳитизистӣ ва инсонӣ медонад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон авлавиятҳои раёсати Финляндияро дар самти пешгирӣ аз низоъҳо дар паҳнои САҲА, эҷоди эътимод, мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ ва дигар мавзуъҳо дастгирӣ менамояд.

Зимни баррасии масоили амниятӣ таҳкими шарикӣ дар муқовимат ба хавфу таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла дар доираи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он”, муҳим дониста шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳалли мушкилоти амниятӣ ҳамоно андешидани тадбирҳои минбаъдаи ҳамоҳангро тақозо менамояд.

Вобаста ба ченаки иқтисодӣ-муҳитизистӣ таҳкими ҳамкорӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои муассир мутобиқ ба Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус ҷиҳати тақвияти бахшҳои воқеии иқтисод, беҳбуди зерсохтор ва рушди минтақаҳо мувофиқи мақсад дониста шуд.

Масъалаҳои вобаста ба мудирияти захираҳои обиву энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва пешгирии офатҳои табиӣ низ аз ҷумлаи авлавиятҳои ҳамкорӣ номида шуд.

Таъмини баробарии гендерӣ, тавсеаи ширкати занон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буд.

Таъкид гардид, ки дар ченаки инсонӣ ҷониби Тоҷикистон омода аст, ҳамкориро бо Созмон дар доираи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038  идома диҳад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба мавзуъҳои алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла бартараф намудани буҳронҳои мавҷуда ва эҷоди фазои боварию эътимод дар паҳнои масъулияти САҲА, сурат гирифт.
Мулоқот бо Раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА хонум Пиа Лииса Каума 29.04.2025

Апрель 29, 2025 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд