Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюйро ба ҳузур пазируфтанд

Апрель 29, 2025 12:50

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюйро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии доимии Созмон аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи татбиқи афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти иқтидори комплекси агросаноатӣ, таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист зоҳир гардид.

Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои идораи самараноки замину захираҳои об, беҳбуди бахши чорводорӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал, ҳифзи растаниҳо, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, идораи мубориза бо ҳашароти зараррасон, ҷорӣ намудани навовариҳо ва технологияҳои муосири кишоварзӣ зарур шумурда шуд.

Доир ба амалисозии барномаҳои муносиб дар самтҳои рақамикунонӣ, роҳандозии тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030» ва «Даҳсолаи хоҷагидории оилавии Созмони Милал» то соли 2028 гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт.

Пешвои миллат ҳамзамон ба Мудири кулли Созмон барои дастгирӣ аз номинатсияҳои Тоҷикистон – «Гӯсфанди зоти «ҳисорӣ» ва «Ангури навъи «тоифӣ – гулобӣ» ва  ворид намудани онҳо ба Мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ (GIAHS) изҳори сипос карданд.

Ба мавзӯи ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Инчунин, алоқамандии Тоҷикистон аз идомаи ҳамкории стратегӣ бо Созмон дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таъкид гардид.
Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй 29.04.2025

Апрель 29, 2025 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»