Бар зидди бемориҳои замбурӯғӣ ва вирусии дарахтони мевадиҳанда кадом тадбирҳоро бояд андешид?
ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳарорати баланди рӯзҳои охири моҳи апрел боиси зиёд гардидани бемориҳои занбурӯғӣ дар дарахтони мевадиҳанда гардидааст. Дар баргҳои дарахтон ҳашароти зараррасон низ ба мушоҳида мерасад. Барои пешгирии ин бемориҳо ходими пешбари илмии технологияи инноватсионии ниҳолпарварии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров чунин тавсия медиҳад:
— То имрӯз зиёда аз 20 намуди бемориҳои замбурӯғӣ, вирусӣ, бактериявӣ ва 60 намуди ҳашароти зараррасони хояндаю маканда ба қайд гирифта шудааст, ки ба дарахтони мевадиҳанда хисороти калон мерасонанд. Ин ҳашарот баъзе солҳо на танҳо ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулотро паст мегардонанд, балки дар бархе хоҷагиҳо ҳосили боғотро пурра нест менамоянд.
Бинобар ин зарур мешуморем, ки барои паст кардани сатҳи афзоиши касалию ҳашарот ва хисороти онҳо ҳамаи усулҳои мубориза дар маҷмуъ истифода бурда шаванд. Пеш аз ҳама, чорабиниҳои пешгирикунандаи агротехникӣ бояд иҷро гарданд. Яъне, сари вақт шаклдиҳию шохабурии дарахтон, шудгори байни қаторҳо, нарм кардани бехи дарахтон, обмонӣ, яхобмонӣ, ғизодиҳӣ ва ғайраҳо бояд иҷро карда шаванд.
Ҳамзамон чораҳои селексионӣ гузаронида шаванд. Яъне, интихоби навъҳо бояд ба шароити маҳал мутобиқ гардад. Инчунин чорабинии карантинӣ бояд доир шавад, яъне ниҳолҳои солими аз касалию ҳашароти карантинӣ озод шинонида шаванд.
Ҳар як боғпарвар дар ҳолати мушоҳидаи чунин ҳашарот бояд дар танаи дарахтон ва шохаҳои ғафс барои ҷамъ карда гирифтани ҳашарот миёнабандҳои қапандаро аз матоъҳои дурушт (коғаз, тол, линчаҳои канабӣ ва ғайра) бандад. Ҳамчунин буридани навдаю ҷамъоварии баргҳои касал, канда гирифтани пӯстлохи кӯҳнаи танаи дарахтон, гирд овардани меваҳои пӯсидаю касал ва сӯзондани онҳо усулҳои механикӣ мебошанд.
Ҷалб намудани парандагон ва ҳашароти фоидаовар, истифодаи маҳлулҳои аз баргу пояи растаниҳо тайёршуда ва доруҳои кимиёвии дорои асоси биологӣ усули биологӣ мебошанд.
Бо усули кимиёвӣ бояд фунгсидҳо, маҳлули бордосӣ, оксихлоридимис, ИСО, Сулфур, Абига биг, Байлетон, Ридомил голдц, Суперстар, Топаз, Топсин, Фиминт, Панч ва ғайраро бар зидди касалиҳо ва инсектидсидҳо истифода намоянд. Инчунин нуриҳои Ариво, БИ-58 – нав, Детсис, Каратэ, Мосплан, Нурелл –Д, Суми-алфа, Толстар, Фюре, Омайт ва дигарҳо бояд ба муқобили ҳашароти зараррасон дар давраи ниҳоӣ, ҳангоми зиёд будани меъёри афзоиши касалӣ ва ҳашарот истифода бурда шаванд.
Тавсия дода мешавад, ки пас аз хазонрез то кафидани муғҷаҳо бо яке аз ин доруҳо, ба монанди ДНОК, Препарат – 30, моеъи Бордосии 3 фоиза коркард кардани боғ самаранок аст.
Сари вақт ва босифат гузаронидани чорабиниҳои тавсияшуда ба баланд гардидани ҳосилнокии боғҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи бозори имрӯза ҷавобгӯ мусоидат менамояд.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд






