Барқияи табрикии Пешвои миллат ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

Ноябрь 10, 2016 08:47

Душанбе, 10.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Шумо бо камоли сарфарозӣ табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.

Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамшарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаи онҳоро баланд арзёбӣ менамояд.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи фаъолиятатон ба ҳайси Сарвари давлат ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи ғанитару фарохтарро касб хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни давлатҳоямон дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.

Ба Шумо сиҳатии комилу саодатмандӣ ва комгорӣ дар ин маснади олӣ, ба мардуми дӯсти Америка — пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».

Ноябрь 10, 2016 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалаба иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюйро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, узви Парлумони Финляндия Пиа Лииса Каумаро ба ҳузур пазируфтанд