Пешниҳоди рубрикаи нав: «Оё Шумо Конститутсияро хондаед?»

Ноябр 5, 2016 08:56

Хабарҳои мавзӯъ

konstitutsiya

Душанбе, 05.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Бисёр вақт мешунавем, ки қонунҳоро бояд мутахассисон, ҳуқуқшиносон, прокурорҳо ва судяҳо донанд, барои одамони оддӣ он нодаркор аст.

Вале ин фаҳмиши нодуруст аст! Конститутсияро бояд на танҳо ҳуқуқшиносон,  балки дигар шаҳрвандон ҳам хонанду донанд, то ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ ва дигаронро фаромӯш насозанд, риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ ва дигаронро талаб кунанд.

Шахсе нест, ки ягон уҳдадорӣ надошта башад, ба мисле, ки ҳуқуқи инсон бидуни уҳдадорӣ имконнопазир аст. Озодӣ он вақт ҳақиқӣ мегардад, ки он нишонаҳои тартиботи дар пояи қонун асосёфтаро доро бошад.

Тибқи Конститутсия, шаҳрванди Тоҷикистон уҳдадор аст Конститутсия ва дигар қонунҳоро риоя намояд, ба ибораи дигар-ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон эҳтиром гузорад, кӯдакон ва волидайни барҷомондаро нигоҳубин кунад, маълумоти миёнаи асосиро гирад, ёдгориҳои таърихию фарҳангиро ҳифз намояд, боҷҳо ва андозҳои қонунан муқарраршударо пардозад, Ватани худро ҳифз намояд ва ғайра.

Барои чӣ риояи қонунҳо муҳим аст? Ба ин савол метавон ҷавобҳои мухталиф дод. Кофист, ки ба гузаштаи начандон дури Тоҷикистон, ки дар натиҷаи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар оғози солҳои 90-ум дар ҳар чойи кишварамон беқонунӣ ва бетартибӣ ҳукмфармо гашт ва он ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд, назар афканем. Чӣ шуду чӣ гузашт, мутаассифона, ҳамаи мо аллакай медонем. Вале, барои он ки фарзандон ва наберагони мо ваҳшонияти ҷангро надонанд ва набинанд, мо бояд қонунҳоро донем, ба онҳо эҳтиром гузорем ва онҳоро риоя намоем. Бояд ба фарзандон ва кӯдаконамон эҳтиром ба қонун ва тартиботро талқин намоем.

Барои он ки тамоми ҳаёти мо бар тартиби муайян асос ёфтааст. Инсон кор мекунад, таҳсил мегирад, истироҳат менамояд, ба бозор, кино, театр меравад, тадбирҳое амалӣ месозад, ба сафар меравад, қоидаҳои муқарраршударо риоя мекунад. Ин қоидаҳо имкон медиҳанд, ки тартибот нигоҳ дошта шавад. Вайрон кардани тартибот ҳамеша ба натиҷаҳои фалокатбор оварда мерасонад. Чунки қоидаҳо барои он муқаррар шудаанд, ки одамон бароҳат, осуда ва боҳаловат зиндагӣ кунанд. Файласуфи Юнони қадим Пифагор дуруст фармудааст: «Тартибот-ин эътимоднокии мутлақ аст».

Дар омади гап, дар Афинаи қадим файласуфи дигаре бо номи Суқрот зиндагӣ мекард. Гарчанде ӯ дар ҳаёти худ мисрае эҷод накарда бошад ҳам, вале дар бораи ӯ қиссаҳои зиёди ҳамватанонаш, пайравон ва шогирдонаш боқӣ мондаанд. Суқрот на танҳо мутафаккири барҷаста, балки шаҳрванди масъулиятшиноси кишвари худ низ буд.  Мансабҳои масъулиятноки давлатиро ишғол намекард, вале ӯ чунин мешуморид, ки ҳуқуқ надорад аз иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ иштирок дар ҷаласаҳои мардумӣ, мурофиаҳои судӣ ва ғайраҳо саркашӣ намояд. Ӯ борҳо ҷасурона ва ошкоро  сиёсатмадоронро барои беадолатӣ ва бенизомӣ танқид карда буд. Тааҷҷубовар набуд, ки бархе аз сиёсатмадорон аз ӯ меҳаросиданд ва ӯро дӯст намедоштанд. Ба муқобили Суқрот айбнома пешбарӣ гардид, ки гӯё ӯ ба худоён имон надорад ва бо ин ба ҷавонон таъсири бад мерасонад.

Ин ба гуноҳи хиёнат ба Ватан баробар буд, зеро имон ба худоёни олимпӣ қонуни олии муттаҳидкунандаи афинагиҳо дар давлати ягона маҳсуб мешуд. Ҳамин тавр додгоҳ ӯро бо аксарияти овозҳо ба қатл маҳкум кард. Дӯстон ба Суқрот маслиҳат доданд, ки аз зиндон фирор намояд. Вале файласуф, бинобар эҳтиромаш ба қарори додгоҳ, пешниҳоди фирорро рад кард. Ӯ боварии том дошт, ки вайрон кардани қонун қодир аст ҷомеаро ба завол оварад. «Оё ҷомеа вуҷуд дошта метавонад, агар дар он қарори суд ҳеҷ эътиборе надошта бошад?!, — гуфт ӯ ба дӯстонаш.  Ва илова бар он, ин чӣ гуна намунаи бадест барои ҷавонон!». Суқрот ба қарори додгоҳ содиқ монд. Ӯ дар вақти муайянкарда косаи заҳрро истеъмол кард. Ҷазо иҷро шуд, зеро аксарияти судяҳо чунин овоз дода буданд. Вале ба зудӣ аҳли Афина аз кардаи худ пушаймон шуданд. Онҳо тӯҳматчии асосиро фош карда, ӯро ба қатл расонданд. Ба ифтихори Суқрот бошад, ҳайкали биринҷӣ сохта шуд…

Боз як қиссаи дигарро ба ёд меорем, ки ҳуқуқшиносон нақл кардани онро дӯст медоранд. Буд- набуд ду ҳамсоя буд. Яке аз рӯзҳо онҳо ба ҳам баҳс карданд ва яке дигареро зад. Ҷабрдида ба додгоҳ муроҷиат кард. Қозӣ гунаҳкорро даъват намуда, пурсид, ки ӯ чӣ ҳақ дошт вай мардро занад. Дар ҷавоб гунаҳкор гуфт: «Ман марди озодам ва метавонам муштҳоямро озодона истифода намоям!». Баъдан қозии зирак ба гунаҳкор сахт гуфт: «Озодии мушти шумо он ҷое тамом мешавад, ки бинии ҳамсояатон сар мешавад!». Маънии ин қисса дар он аст, ки озодӣ чун ҳуқуқи инсон мутлақ ва номаҳдуд буда наметавонад, зеро дар ин ҳолат ин озодӣ номаҳдуд гардида, ба ҳуқуқ ва озодии дигар одамон халал мерасонад. Шоири номаълуми тоҷик дар ин бора чунин навиштааст:

Озодии судманд он бошад бас,

К-аз вай нарасад зиён ба озодии кас.

Яъне, беҳтарин озодӣ он аст, ки ба озодии дигарон халал намерасонад…

Пас, биёед хондан, донистан ва эҳтироми Конститутсияро омӯзем! Бо ин мақсад, мо имрӯз, дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон, рубрикаи нав — «Оё Шумо Конститутсияро хондаед?» ифтитоҳ мекунем.  Дар он матни пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маслиҳатҳои ибратомӯз ва муфид, мулоҳизаву андешаҳои ҳуқуқшиносон, коршиносони илми хуқуқ, олимон, нависандагон, шоирон ва ҳамчунин шаҳрвандони оддӣ дар бораи Қонуни асосии мо ҷой карда мешаванд.

Ноябр 5, 2016 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш