АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми моҳҳои март-апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон дар чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба вазъи ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир изҳори назар намуданд. Ба таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат вазъияти ҷаҳони муосир чӣ қадар ҳассос гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб ва марҳалаи нави «ҷанги сард» рӯз аз рӯз шиддат мегирад ва касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки фардо чӣ мешавад. Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу хатарзо мо бояд нагузорем, ки шаҳрвандон ва фарзандонамон бозичаи дасти гурӯҳу қувваҳои манфиатҷӯй гарданд.
Зимнан, яке аз тадбирҳои муассире, ки метавонад садди қавӣ дар роҳи гаравидани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан гардад, ин аз ҷониби волидайн ихтиёран гусел кардани фарзандон барои хизмати ҳарбӣ ба сафи Артиши миллӣ мебошад. Зеро хизмати аскарӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат манфиатҳои зерин дорад:
— Фарзанд баробари ворид шудан ба хизмати аскарӣ таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегирад. Тамоми санаду қонунҳои марбут ба хизмати ҳарбӣ пурра ба ҳимояи тану ҷону қадру манзалат ва мавқеи иҷтимоии сарбоз равона шудаанд. Дар ин маврид рисолати асосии артиши миллиамон тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ҷавонмардӣ, доштани ахлоқи ҳамида, ҷасуру ғаюр будан, ҳарос надоштан аз ягон хавфу хатар, омода будан дар роҳи ҳимояи манфиатҳои Ватан ва миллат мебошад. Баҳри расидан ба ин ҳадафҳо наваскарон ба таълиму тарбияи тарҳрезишуда фаро гирифта мешаванд. Шуруъ аз хобу хӯр, то омӯзиши тиру камон, тарзи истифодаи дурусти он, гирифтани маълумоти зарурӣ, огоҳ будан аз вазъи ҷаҳони муосир, аз худ намудани касбу ҳунари иловагӣ, донишҳои замонавӣ пурра танзим шуда, вобаста ба талаботи замон мунтазам мукаммалу муассир карда мешаванд. Ба ифодаи дигар, Артиши миллӣ аз як ҷавони навхати бетаҷриба ҷавонмарди асил ба воя расонида, пешкаши ҷомеа мекунад.
— Табиист, ки бо қарор доштан дар сафи Артиши миллӣ ҷавонон пурра аз хатари гирифтор шудан ба таълимоти бардурӯғу ташвиқоти зараровари гурӯҳҳои террористӣ эмин мемонанд. Ҳамчунин онҳо вақти қиматашонро дар сомонаҳои бефоидаи иҷтимоӣ барбод намедиҳанд, бо таълимоту тасаввуроти бегона ошно намешаванд. Баръакс, бо донишу фаҳмиши замонавӣ ва муосир аз наздик шинос мегарданд. Мавриди гуфтан аст, ки ҳузури ҳар сарбоз дар ҷойи хизмат ҳам саҳару ҳам вақти хоб санҷида мешавад. Яъне ӯ имкон надорад, ки бе иҷозат аз макони хизмат берун равад ва худро зери хатар гузорад. Гуфтан ҷоиз аст, ки маҳз дар синнии давъвати аскарӣ (аз 18 то 27- солагӣ) баъзе ҷавонони ноогоҳ осебпазир ҳастанд, дар онҳо хислати зудбоварӣ бештар эҳсос мешавад, онҳо ба панду насиҳати дорои хусусияти динӣ зуд дода мешаванд. Дар хизмати аскарӣ будан яқинан ҷавононро аз хатари печидан ба тори анкабуди террористон нигаҳ медорад.
— Омили дигаре, ки аз манфиати дар хизмати ҳарбӣ қарор доштани ҷавон дарак медиҳад, ин аст, ки ӯ дар натиҷаи машқу тамринҳои ҷисмониву ҳарбӣ ва дарсҳои тахассусӣ хислатҳои сабру тамкин доштан, таҳаммулпазир будан, худро идора карда тавонистан, ба эҳсосот дода нашудан, ба вазъият баҳои воқеӣ доданро аз худ мекунад ва ё ҳадди ақал аз ин хислатҳои инсонӣ огоҳӣ пайдо мекунад. Бар илова дӯстони нав аз гӯшаву канори мамлакат пайдо мекунад, бо хусусияти хоси мардумони минтақаҳои зебои Тоҷикистон ошно мешавад.
Дар қатори ин манфиатҳо ва ё бартариҳое, ки ёдрас кардему ҷавонони дар хизмати ҳарбӣ буда аз онҳо баҳравар мешаванд, муҳимтаринаш гирифтани сабақи ҷанг ва ё омӯхтани ҳунари ҳарб кардан аст. Ҷаҳони имрӯза, муносибатҳои байнидавлатӣ ва вазъияти минтақаву ҷаҳон пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳфилҳои мухталиф аксарият аз ватанхоҳиву ватанпарастӣ ва ватандӯстдорӣ ҳарф мезананд, аммо дар сурати ба вуқуъ пайвастани амалҳои ҷангӣ на ҳамаи онҳо ба даст силоҳ гирифтаву сина сипар карда, ҷони худро ба хатар гузошта, ба майдони ҷанг мераванд. Дар ҳамин маврид маҳз он ҷавононе, ки хизмати ҳарбӣ ба ҷо овардаанд, барои Ватану миллат, давлату халқ даркор ҳастанд.
Дар замони имрӯза ҷавонони навхати дар аскарӣ буда ба ҷанг фиристода намешаванд, зеро онҳо таҷрибаи кофӣ надоранду инсофу виҷдон иҷозат намедиҳад, ки ҷони онҳо ба хатар гузошта шавад. Бинобар ҳамин ҷавонони аз артиш рухсатшуда ва дар эҳтиёт буда бо шарту шартномаи хосса ба амалиёти ҷангӣ фиристода мешаванд. Яъне онҳое, ки имрӯз ба хизмати аскарӣ мераванд, таҷрибаи гирифтани силоҳу истифодаи онро аз худ мекунанд, пагоҳ дар вақти ҷанг ҷони додарони худро мехаранд. Ин силсилаи ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ имкон медиҳад, ки ҳама ҷавонони мамлакат баҳри ҳифзи манфитаҳои давлат давра ба давра, саросар ва огоҳона омода бошанд.
Тавре ки Вазорати мудофиаи мамлакат иттилоъ медиҳад, танҳо дар даҳ рӯзи аввали даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 20 шаҳру ноҳияи мамлакат (Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав, Норак) нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро пурра иҷро кардаанд, ки беш аз 50 фоизи нақшаро дар тамоми мамлакат дар бар гирифтааст.
Имрӯз ҷавононе, ки маълумоти олӣ гирифтаанд, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ворид мешаванд ва барои дигарон намунаи ибрат мебошанд. Зеро ҷавонони донишҷӯ ва ҳамчунин ҷавонони огоҳ ба дурустӣ дарк кардаанд, ки мухолифони давлату миллати тоҷик бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо даъватҳову фатвоҳои бардурӯғ ҷавонони ноогоҳро ба сафи гурӯҳҳои даҳшатафкан ҷалб мекунанд. Он ҷавонони ноогоҳ худро ба вартае мезананд, ки он ҷо на об асту на ободонӣ, на шиками сер асту на сару либоси тозаву пероста, на шароити одии зиндагӣ ҳасту на муомилаву муносибати инсонӣ, балки гуруснагӣ, ифлосӣ, сарсонӣ, пинҳон будану пинҳон вуҷуд доштан, на зану на фарзанд, на падару на модар, на хоҳару на бародар, на ояндаву на фардои дигар- ин аст интихоби бешууронаи онҳо. Анҷоми кори ин ҷавонони ноогоҳи ба доми гурӯҳҳои террористӣ афтода худро инфиҷор кардану кушта шудан ва ё дастгир гардидану як умр аз озодӣ маҳрум будан аст…
Он ҷавононе, ки дар хобгоҳҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, дар равшаниву гармӣ, бо сару либоси тоза, шиками сер, ояндаву фардои равшан, мукотиба бо падару модар, пайвандон таҳти ҳимояи давлату ҷомеа ва қонун хизмат мекунанд, пурра дарк кардаанд, ки пайвастан ба сафи гурӯҳҳои хатаровару даҳшатафкан роҳ ба сӯи нобудӣ асту бас.
Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла дар паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 феврали соли 2024 изҳор намуда буданд, ки «вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ торафт шиддат гирифта истодааст. Яъне вақтҳои охир инсоният ба марҳалаи ниҳоят ҳассосу хатарноке ворид шудааст, ки таърих чунин давраро ёд надорад. Дар чунин шароит ҳар шаҳрванди огоҳи ҷомеа, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор ҳастанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи неъмати бузурги зиндагии халқамон — истиқлолу озодӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд».
Воқеан ҳам, сари вақт ва бо сифати хуб иҷро шудани нақшаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон нишонаи он аст, ки ҳар шаҳрванди мамлакат худро дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат масъул медонад. Мо ҳуқуқ дорем, ки аз ин масъулиятшиносии шаҳрвандии сокинони мамлакат ифтихор намоем.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»








ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст






