Сокинони Тоҷикистон дар иди Соли нави мелодӣ чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Декабрь 26, 2016 17:49

ДУШАНБЕ, 26.12.2016/АМИТ «АМИТ «Ховар»/.  Мувофиқи тақвим 1  январи соли 2017 ба рӯзи якшанбе,  яъне рӯзи истироҳат рост меояд. Дар робита ба ин, дар рӯзҳои истиқболи Соли нави мелодӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд? Тавре зимни посух  ба саволи  хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси  Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода зикр намуд, мувофиқи   моддаи 3-и Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 январ, ки иди Соли нави мелодӣ ба ҳамин рӯз рост меояд,  ҳамчун рӯзи иди ғайрикорӣ,  яъне истироҳат мебошад. Инчунин тибқи қисми 5-и моддаи 89 -и Кодекси   меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат  ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат  ба рӯзи аввали   кории баъд  аз  рӯзи  иди ғайрикорӣ  гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон рӯзҳои 31 декабр, 1 ва  2-юми январи соли 2017 рӯзи истроҳат эълон карда мешаванд ва дар тамоми идораю муассисаҳои давлатии кишвар рӯзи 3 январи соли 2017  рӯзи корӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки  иди Соли нави мелодиро  дар Тоҷикистон ба таври  густурда ва дар сатҳи баланд истиқбол мегиранд.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60 ид таҷлил мегардад, ки маъмултарини онҳо  21 -24  март иди Наврӯз,  8 — март  Рӯзи Модар,  27 июн-Рӯзи Ваҳдати миллӣ,  9 сентябр-Рӯзи Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ, 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   мебошанд.

novyj-god-2

 

 

 

 

Декабрь 26, 2016 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад