Футболбози тоҷик Нозим Бобоҷонов ба клуби Баҳрайн гузашт

Январь 19, 2017 09:50

ДУШАНБЕ, 19.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва «Истиқлол»-и Душанбе Нозим Бобоҷонов шартномаи худро бо клуби «Баҳрайн» ба имзо расонд ва давоми ним сол дар ҳайати он ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора сомонаи КФ «Истиқлол» хабар дод.
Нозим Бобоҷонови 21-сола то ба дастаи «Истиқлол» гузаштан дар ҳайати дастаҳои ҷавонони «Рубин»-и Қазон, «Локомотив»-и Москва ва баъдан «Регар-ТадАЗ» ҳунарнамоӣ карда, соли гузашта ба ҳайати «Истиқлол» гузашт. Ӯ дар ҳайти ин даста соҳиби ҳама ҷоизаҳои мавсими футболи соли 2016-и Тоҷикистон гардид.
Тибқи қарордод КФ «Баҳрайн» метавонад муҳлати шартномаро боз як соли дигар дароз кунад.
Дар Премйер-Лигаи Баҳрайн 10 даста ширкат менамояд ва КФ «Баҳрайн» баъди марҳалаи аввал, ки 9 вохӯрӣ гузаронидааст, бо касби 6 имтиёз дар зинаи охир ҷойгир шудааст. Марҳалаи дуюм моҳи май шурӯъ мегардад.
Нозим Бобоҷонов метавонад дар се бозии ин даста барои ҷоми Баҳрайн, ки 20, 25 ва 31 январ мегузаранд, ба майдон ояд.

Январь 19, 2017 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард
Иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол байни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид