«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
ЛАХШ, 20.01.20026 /АМИТ«Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод даври сеюми бозии футболи ҷумҳуриявии Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти унвони «Футбол ба назди шумо меояд» баргузор шуда, дар он дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш хабар доданд.
Дастаи кӯдакони 9-10-соларо Раиси ноҳияи Лахш пешвоз гирифта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Дар даври сеюми бозии футболи ҷумҳуриявии Лигаи футболи кӯдакон ва наврасон кӯдакони солҳои таваллуди 2016-2017 аз шаҳру ноҳияҳои Нуробод, Лахш, Ҷайҳун, Шаҳринав, Ҳисор ва Турсунзода бозӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади густариши футболи ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи лигаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисон дар ҷумҳурӣ «Стратегияи рушди футболи миллӣ то соли 2026» таҳия ва амалӣ мегардад. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти футболи миллӣ барои рушди ҷавонон ва тақвияти ҳамбастагии иҷтимоӣ ба хотири оммавӣ гардонидани футбол дар байни кӯдакону наврасон ва занону мардон чунин иқдоми муҳимро амалӣ менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






