Будапешт дархости гузаронидани Бозиҳои олимпии соли 2024-ро бозхонд
ДУШАНБЕ, 24.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Венгрия эълон кард, ки дархости худро ҷиҳати гузаронидани Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2024 дар Будапешт бозмехонад. Дар ин бора Reuters хабар дод. Ҳукуматдорон ин амали худро аз ноҷӯрии вазъи сиёсӣ ва набудани ваҳдати миллӣ дар кишварашон арзёбӣ кардаанд.
Қарор баъди вохӯрии сарвазири Венгрия Виктор Орбан бо мири шаҳри Бухарест Иштван Тарлош ва Кумитаи миллии олимпии ин кишвар содир шудааст. То ба ҳол қарори бозхонди Бухарест аз Бозиҳои тобистонаи соли 2024 ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ нарасидааст.
Иқдоми гузаронидани Бозиҳои олимпиро дар Бухарест аз рӯи пурсиш танҳо сеяки аҳолии Венгрия дастгирӣ кардаанд. 50 фоизи мардум ба он зид баромадаанд. 56 фоизи сокинони шаҳри Бухарест ба муқобили баргузории бозиҳо раъй додаанд.
Гурӯҳи фаъолон пештар аз Ҳукумати кишварашон даъват ба амал оварданд, ки барои гузаронидани Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2024 референдум гузаронанд. Ба ин дархост 250 000 нафар имзо гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки пойтахти Олимпиадаи соли 2024 13 сентябри соли 2017 дар конгресси Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар шаҳри Лимаи Перу эълон мегардад. Акнун барои гузаронидани Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 ду шаҳри даъвогар-Парижи Франсия ва Лос Анҷелеси Америка боқӣ мемонанд.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






