Фарҳанги мардумӣ оинаи рӯзгори тоҷикон буда, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як ҷузъи арзишманди он аст

Декабрь 28, 2017 10:15

ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии худ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классик ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик нигоҳ намоем, ба пеши назар ҳунарҳои зебое ҷилвагар мешаванд, ки ҳазорон сол аст онро тоҷикон то замони мо овардаанд. На фақат овардаанд, балки нишонаҳои фарҳанги бостонии хешро дар пайванд бо табиат, дар ҳунарҳои мардумӣ инъикос кардаанд, ки ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оқилона ва одилона чунин садо дод:

«Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Барои амалӣ намудани ин гуфтаҳои Пешвои миллат сиёсатмадорон, олимон, адибон ва фарҳангиёни содиқу фидокор кӯшиш доранд. Ба ин ҷиҳат дар 10-15 соли охир бо ташаббуси дастандаркорони тоҷик беҳтарин намунаҳои осори таърихӣ, баъзе ҷашнҳо, шахсиятҳои фарҳангию таърихӣ, оинҳо ва ҳунарҳои мардумии мо дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф шуда, ба гуфти Пешвои миллат, ҳамчунин пешкаши «феҳрасти умумиҷаҳонии ЮНЕСКО» гардида истодаанд.

Ҳунарҳои мардумии тоҷик хеле зиёданд. Бояд онҳоро боз ҳам хубтару бештар омӯзем, пажӯҳиш намоем ва ташвиқ созем. Чи ҳунарҳои зебо дорем, ки ҳар кадоме достонҳое дорад. Ягон гӯшаву канори кишварамон нест, ки ҳунарманде надошта бошад ва сайёҳе аз он лаззати маънавӣ набарад.

Барои мисол, машҳуртарини онҳоро ба ёд меорем: абрбандӣ, абрешимбофӣ, адрасбофӣ, атласбофӣ, алочабофӣ, арғушт, аскиягӯӣ, аспакбозӣ, байтбаракбозӣ, баққолӣ, беқасаббофӣ, бозиҳои мардумӣ (хеле зиёд), бофандагӣ, гачкорӣ, гаҳворасозӣ, гулдӯзӣ, гилембофӣ, гулобкашӣ, гӯрғулихонӣ, гӯшворасозӣ, дегдонсозӣ, дуредгарӣ, дӯғкашӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, зулфороӣ, ислимӣ, калобаресӣ, канаббофӣ, кандакорӣ, кафшдӯзӣ, китобдорӣ, коғазгарӣ, кордсозӣ, кошикорӣ, кулолӣ, қадоқгарӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, латифагӯӣ, мисгарӣ, мӯйбофӣ, наботпазӣ, найрангбозӣ, наққошӣ, налъгарӣ, оҳангарӣ, паловпазӣ, пойафзолдӯзӣ, пӯстиндӯзӣ, рехтагарӣ, сабадбофӣ, собунпазӣ, созтарошӣ, суманакпазӣ, сӯзанидӯзӣ, табақтарошӣ, танӯрсозӣ, хаймадӯзӣ, хотамкорӣ, ҳалвогарӣ, чармагарӣ, чӯянгарӣ, ҷомадӯзӣ, ҷувозкашӣ, ҷӯроббофӣ, шамшерсозӣ, шишагарӣ, шонасозӣ ва ғайраҳо.

Бале, ба ин ҳунарҳои мардумӣ ва дигар касбу кори мардумӣ таваҷҷуҳ бояд кард, ки дар маҷмӯъ тамоми мероси фарҳанги гуфтории мардуми мо, аз ҷумла, ҳунарҳои мардумӣ, оинаи бозгӯяндаи рӯзгори тоҷикон аст. Инак, чӣ хуб аст, ки Пешвои миллати гиромии кишвар дар Паёми имсолаи хеш соли 2018-ро Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд: «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».

Ин ташаббуси муҳими Пешвои миллат, аз як тараф иқдоми наве барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рӯзгори моддии мардум ва сайёҳӣ дар дохили кишвар бошад, аз тарафи дигар барои ба ҷаҳониён бештару хубтар шиносонидани тоҷику Тоҷикистон сазовори ситоиш аст. Ба ин ҷиҳат Пешвои миллат пешниҳоди худро ба таври муфассал шарҳ дода, гуфтаанд:

«Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст».

Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат маълум мешавад, ки сол то сол барои пешрафти миллат ва давлат корҳои шоистае шуда истодааст. Тоҷикистони азиз сол то сол мероси табиӣ ва фарҳангии худро барои ҷаҳониёне, ки аз ин неъматҳои моддӣ ва маънавӣ баҳра бурдан мехоҳанд, пешниҳод менамояд.

Ин амали нек ҳам барои мардуми ҷумҳурӣ муҳим аст ва ҳам барои меҳмонони азизи давлати мо. Барои мардум аз он ҷиҳат муҳим аст, ки аз як ҷиҳат онҳо бо омадани сайёҳони хориҷӣ бо андешаву афкор, фарҳанг, муносибати отифонаи мардумони гуногуни олам ошно мегарданд; аз ҷиҳати дигар меҳмони гиромии мо низ бо табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумие, ки таърихи чандҳазорсола доранд, муҳити фарҳангӣ, шеъру шоирӣ, мардуми адабпарвару меҳмоннавози кишвари мо шинос шуда, бо ғизои маънавӣ ба диёри хеш бармегарданд. Чӣ нек аст, ки барои инкишофи бештару хубтари сайёҳӣ Пешвои миллати гиромии меҳмонавозу меҳрубон барои азизоне, ки ба мамлакати мо ташриф овардан мехоҳанд, то вақти худро самаранок мавриди истифода қарор диҳанд, муҳлати ба қайд гирифтани меҳмонони арҷмандро боз ҳам содатар намуда, гуфтаанд:

«Аз ин хотир Ҳукумати мамлакат доир ба масъалаи то 10 рӯзи корӣ дароз кардани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ бояд қарори дахлдор қабул намояд».

Тайи солҳои охир сайёҳоне, ки ба давлати мо ташриф меоварданд ва гоҳе ба мушкилот дучор мешуданд, аз ин иқдоми нек шод шуданд. Чанд тан аз сайёҳони кишварҳои аврупоӣ, ки ошиқи мардум ва табиати Тоҷикистон буданд, аз шунидани ин амали нек шод гаштанд.

Пас аз Истиқлоли Тоҷикистони азиз дар даҳ соли аввал ҳама гуна буҳрон тамоми мамлакатро фаро гирифта буд, ки ҳоло қадам ба қадам пеш рафта, мушкилот сол то сол бартараф мешаванд. Бо вуҷуди ин, баъд аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 фестивал-озмуни «Андалеб» оғоз гардид, ки то имрӯз идома дорад. Дар ин фестивал-озмун ҳунарҳои мардумӣ дар маърази намоиш қарор гирифта, аз ҷониби доварон баҳогузорӣ мешуданд.

Ҳамагон бояд кори худро дӯст дорем. Танҳо он замон корҳо хуб пеш мераванд. Банда, ки ошиқи касби худ, яъне фарҳанги мардум ҳастам, бо роҳҳои гуногун ба гирдоварӣ, нашр, баррасии мероси гуфтории мардум машғул мебошам. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шогирдонам низ талқин менамоям, ки ба тамоми бахшҳои фарҳанги зебову дилнишини фарҳанги мардум, устура, афсона, зарбулмсал, чистон, байт, дубайтӣ, рубоӣ, саргузашт, таърихи гуфторӣ, аз ҷумла, расму оину ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Дар корҳои майдоние, ки ҳар сол аз ҷониби кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат мегирад, пас аз бозгашт донишҷӯён ёдовар мешаванд, ки дар фалон ҷо фалон ҳунарманд дучори мушкилот аст. Ин ҳунар қариб аз байн рафтааст, он ҳунарманд дигар шогирд надорад ва ғайраҳо. Пешвои миллати доно ва тавоно бо ин амали неки худ ба беҳбуди кори ҳазорон ҳунармандон роҳи дурахшонро боз намуда, гуфтанд:

«Дар ин раванд Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад».

Пас аз ин гуфтаҳо чӣ бояд кард? Заҳмат бояд кашид. Он навъи ҳунарҳои мардумиро, ки дар гузаштаҳои дур мавҷуд буд, вале ҳоло аз байн рафтааст, эҳё бояд намуд; он ҳунарҳоеро, ки ба ҳадди фаромӯшӣ расидаанд, дубора равнақ бояд дод; он ҳунарҳоеро, ки ҳастанд, онҳоро дар шаклу қолабҳои нав эҷодкорона пеш бояд бурд.

Бахусус агар сӯзаниву чакану гулдӯзиҳо, нақшбандиҳои устоҳои гулдастро бингарем, дар онҳо рамзи офтобу моҳтоб, ситораҳо, гулҳои табиӣ ва ғайраро мебинем, ки ин пайванди ҳамешагии тоҷиконро бо кайҳон ва табиат нишон медиҳад. Мо бояд ин рамзу розро, ки пажӯҳандагон дар навиштаҳояшон гоҳе мавриди баррасӣ қарор додаанд, бештар таҳқиқ намоем. Дар ин самт ҳам ҳунармандон, ҳам шогирдон ва ҳам пажӯҳандагони ҷавонро тарбият намоем, то бо нигоҳи илмӣ ҳар намуди ҳунарҳои мардумиамонро ба ҷаҳониён ошно созем ва муштаракоти онро ба таври муқоисавӣ тақиқ ва таҳлили мантиқӣ намоем. Агар ҳар зиёии бедордили тоҷик кори худро аз таҳти дил иҷро намояд, миллат ва давлат зуд рушд мекунад. Гуфтаҳои башардӯстонаи Пешвои миллат дар ин ҷаҳони пуртазод амалӣ шуда, аз роҳи худшиносӣ метавон ба ҷаҳониён равишҳои мантиқии инсодӯстиро пешниҳод намуд. Дарвоқеъ, агар инсон худшинос бошад, решаҳои ниёгони хешро бишносад, ҳатман башардӯст мешавад, ба мардумони дигари олам низ муҳаббати бештар пайдо мекунад. Чунки худро ба ҷои дигарон гузошта, дарк мекунад, ки дигарон низ худшинос ҳастанд. Ин нуктаро дар Паёми хеш Пешвои миллат боз ҳам дақиқтару назаррастар иброз намуда, фармудаанд:

«Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд. Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури мардум ва махсусан наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад».

Ин суханони Пешвои миллат роҳи ҳалли масъаларо низ нишон медиҳанд. Тибқи ишорати эшон, ҳар муассиса, созмон, корхонаҳои давлатӣ вазифадор мебошанд, ки барои амалӣ намудани ин гуфтаҳо ба таври ҷиддӣ машғул шаванд. Пешвои миллат барои ҳалли масъалаҳои муҳими вобаста ба касбу кору ҳунарҳои мардумӣ ба таври густурда ба мақомоти дахлдор супориш дода, таъкид намудаанд:

«Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки масъалаи шуғли аъзои ҳар як оилаи кишварро таҳлил карда, ҷалби онҳоро ба соҳаи кишоварзӣ, корҳои хонагӣ, косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин корҳои мавсимӣ ва хизматрасонӣ таъмин созанд».

Баъди ин гуфтаҳо фурсати он расидааст, ки вазифадорон тибқи барномаҳои зудамал бояд кор кунанд. Шахсони боистеъдодро пайдо намуда, роҳҳои зудтар амалӣ намудани ин пешниҳодҳоро биандешанд. На фақат биандешанд, балки барои иҷрои онҳо камари ҳиммат банданд. Фақат дар он сурат гуфтаҳои Пешвои миллат амалӣ хоҳанд шуд, ки шахсони масъул аз паи он шаванду онро пайваста  пайгирӣ намоянд, то ин гуфтаҳо дар амал татбиқ гарданд. Барои ин садоқат, андешаи созандагӣ зарур аст. Яъне, кор бояд кард. Худи Пешвои миллат дар охири Паёмашон таваҷҷуҳи мардумро ба ин нукта ҷалб менамоянд:

«Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем ва ҳамаи нақшаву барномаҳои қабулкардаамонро амалӣ намоем».

Барои амалӣ намудани гуфтаҳои Пешвои миллат ҳар фарде, ки андешаи нек дорад, бояд дар канор набошад, балки аз паи амалӣ намудани он шавад. Инсони оқил бояд аз паи кор бошад.

Банда то ҳадди имкон бо омӯзиш ва пажӯҳиши фарҳанги мардуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон машғул ҳастам. Шогидонамро низ ба ҳамин пешаи интихобнамудаи худ роҳнамоӣ менамоям. Агар мушикилоте пеш ояд, бо сабру таҳаммул роҳҳои нав ба навро пайдо менамоем.

18-19 ноябри соли равон ман дар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир ба «Нақши иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштам. 19 ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз зиёфат дар беруни бино ба гурӯҳе аз равшанфикрон ёдовар шуданд, ки миллат ва кишвари худро дӯст доред, зимнан дасти маро фишурда, ёдовар шуданд, ки забонамонро тоза нигоҳ дорем, аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз сабақ бигирем. Гуфтанд, ки «шумо равшанфикрон аз рӯи виҷдон кор кунед, ман роҳҳои таъмини кори неки шуморо пайдо мекунам».

Пас аз шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мо ҳам бо ҷасорат қалам ба даст гирифтему ин сатрҳоро аз самими дил навиштем. Акнун чанд пешниҳод дорем, ки солҳост барои амалӣ намудани он кӯшиш дорем.

  1. Соли 1993 аз баракати Истиқлолияти Тоҷикистон нахустин гоҳномаи илмӣ ва оммавии фарҳанги мардумӣ бо номи «Мардумгиёҳ» чоп шуд, ки дар он мероси фарҳангии мардум, аз ҷумла, ҳунарҳои мардумӣ ба нашр мерасид. Мутаассифона, ин гоҳнома бо сабаби буҳронҳои гуногун ҳамагӣ 7 ҷилд чоп шуду халос. Тавре ки мушоҳида шудааст, дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон маҷаллаи махсусе вуҷуд дорад, ки фақат ба нашри мероси фарҳанги мардум (фолклор, этнография, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ) машғул аст. Аз ин рӯ пешниҳод мешавад, ки дар мамлакат бо ҳамкории Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи илмҳо як маҷаллаи илмии «Фарҳанги мардум» (ё мардумшиносӣ) ё бо ягон номи дигари муносиб таҳия шавад, ки дар он ҳунарҳои мардумӣ, ҷойҳои сайёҳии кишвар ва хориҷ аз он, танзими расму оинҳои мардумӣ, натиҷаҳои корҳои майдонии фолклорӣ ва этнографӣ ба нашр расанд.
  2. Пажӯҳандагон солҳост, ки аз байни мардум маводи фолклорӣ, этнографӣ, аз ҷумла, оид ба ҳунарҳои мардумиро гирд меоваранд. Ин кор минбаъд идома дода шавад, вале дастандаркорон ба он ҷойҳое (деҳаҳое) раванд, ки солҳои пеш касе нарафтааст.
  3. Аз тариқи воситаҳои ахбор, бахусус шабакаҳои телевизион ба мардум муроҷиат гардад, ки шахсони хайрхоҳу фарҳангдӯст дар бораи ҳунармандони маъруфи минтақаи худ маълумот ҷамъ намоянд. Фаъолияти онҳоро сабт намуда, ба шабакаҳои телевизион фиристанд. Албатта, ин кор тибқи барномаи махсус амалӣ гардад.
  4. Он маводе, ки дар тӯли солҳо аз байни мардум гирдоварӣ шудаанд ва дар бойгониҳои кишвар нигоҳ дошта мешаванд, бо равиши илмӣ дар чанд ҷилд китоб ба тартиби хронологӣ ба нашр расанд.

 

Равшан РАҲМОНӢ,

профессори ДМТ

Декабрь 28, 2017 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд