Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд

Ноябрь 23, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар Ҷумҳурии Ҳиндустон нахустин форуми Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Тақвияти муколамаи тамаддунҳо тавассути фарҳанг ва мерос» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар форум таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Форуми мазкур бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз гардида, дар он намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, ходимони илму фарҳанг ва коршиносони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.

21 ноябр дар доираи форум ҷаласа баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён доир ба аҳамияти форум дар шароити кунунии ҷомеаи байналмилалӣ барои густариши ҳамкории фарҳангӣ ва муколамаи созанда байни давлатҳо сухан гуфт.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои таъриху тамаддуни куҳан, мероси ғании фарҳангӣ ва анъанаҳои деринаи тамаддунофарӣ ҳамеша ҷонибдори муколамаи созанда, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мебошад.

Дар доираи форум вохӯриҳои Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири федералии тағйирёбии иқлим ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Покистон, Вазири фарҳанг, сайёҳӣ ва авиатсияи граждании Непал ва Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуданд. Дар мулоқотҳо ҷонибҳо дурнамои муносибатҳо ва рушди ҳамкории фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳадафи асосии форум таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстона байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, густариши муколамаи байни тамаддунҳо, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ, ҳифзу тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ва истифодаи имконияти дипломатияи фарҳангӣ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона байни давлатҳо мебошад.

Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба рушди ҳамкории фарҳангии бисёрҷониба, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши робитаҳои маънавию фарҳангӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд