Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид

Ноябрь 24, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчам – рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин Агентӣ хабар доданд.

Иброз гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдории миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ифтихори ҳар шаҳрванди мамлакат маҳсуб мешавад.

Директори Агентӣ Шералӣ Хоҷазода гуфт, ки Парчами давлатӣ дар баробари таҷассумгари таъриху тамаддун ва арзишҳои миллии халқи тоҷик будан нишонаи соҳибдавлатӣ, ҳувияти миллӣ ва пайванди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда мебошад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ масъулияти шаҳрвандӣ ва нишонаи садоқат ба Ватану миллат ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорон оид ба таърихи ташаккул ва мақому манзалати Парчами давлатӣ, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва зарурати ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихию фарҳангӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ба шумор рафта, дар таҳкими худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ нақши муҳим доранд.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад